Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамаи киштии Италия дар Троблус боздошт шуд


Вазорати корҳои хориҷии Италия мегӯяд, гузоришҳоро дар бораи боздошти маллоҳони киштии Италия ба дасти нируҳои ҷонибдори Муаммар Қаззофӣ тафтиш мекунад. Ин киштӣ дар бандари Троблус лангар меандохт. Ҷонибдорони Қаззофӣ иҷоза намедиҳанд, ки ин киштӣ бандарро тарк кунад. Дар гузориш омадааст, афроди мусаллаҳ ба шумули фармондеҳи бандари Троблус хадамаи киштиро боздошт кардаанд. Ин кор рӯзи шанбе дар ҳоле рух додааст, ки коргарони либӣ аз киштӣ дар соҳил пиёда мешуданд.
XS
SM
MD
LG