Раҳбари Либия, Муаммар Қаззофӣ мегӯяд, пас аз оғози ҳамлаи ҳавоии байнулмилалӣ ба кишвараш Африқои Шимолӣ ва баҳри Миёназамин ба "набардгоҳи воқеӣ" табдил меёбанд.
Қаззофӣ ҳамчунин гуфтааст, дари анборҳои аслиҳа ва муҳимоти ҷангиро ба рӯи мардуми худ боз мекунад, то мусаллаҳ шаванд ва аз кишвари худ дифоъ намоянд.
Изҳороти Қаззофӣ ба дунболи он пахш гашт, ки нимаи аввали рӯзи 19-уми март ҳавопаймоҳои Фаронса ба нерӯҳои Қаззофӣ зарба заданд ва раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида ба амалиёти маҳдуди нерӯҳои Амрико зидди Либия дастур дод.
Фармони Барак Обама дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳарбиёни Фаронса гуфтаанд, ҳавопаймоҳои ин кишвар чандин тонку зиреҳпӯши нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофиро ҳадаф қарор додаанд.
Қудратҳои ғарбӣ баъд аз мулоқоти сарони Ғарб ва кишварҳои араб дар Порис ва дар татбиқи Қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милал тасмим гирифтаанд, нерӯҳои Қаззофиро аз ҳаво ва киштиҳои ҷангии худ ҳадаф гиранд. Қатънома иҷоза додааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳимояти аҳолии осоишта аз нерӯҳои Қаззофӣ “тамоми чораҳои зарурӣ”-ро ба кор барад.
Вазорати дифои Амрико мегӯяд, размновҳо ва киштиҳои зериобии Иёлоти Муттаҳида ва Бритониё бо 110 мушаки “Томаҳавк” ба иншооти дифои зиддиҳавоӣ зарба задаанд.
Расонаҳои ҳамагонии Либия хабар доданд, ки ҳавопаймоҳои кишварҳои Ғарб нуқоти маскуниро дар Троблус ва анборҳои маводи сӯхтро дар Мисрата, шарқи пойтахти Либия бомбаборон кардаанд. Онҳо ҳамчунин аз талафоти ҷонӣ иттилоъ медиҳанд.
Бино бар хабарҳо садҳо нафар, зоҳиран барои ҳимояи Қаззофӣ аз ҳамлаҳои ҳавоӣ дар маҳалли зисти ӯ ҷамъ омадаанд.
Дар ин байн нерӯҳои Қаззофӣ бо истифода аз тӯпхона ва мушакҳо шаҳри Бенғозиро, ки дар дасти шӯришгарон аст, ҳадафи ҳамла қарор додаанд. Аммо ҳукумати Либия мегӯяд, ин нерӯҳо барои дифоъ аз худ оташ кушодаанд.
Пештар раисиҷумҳури Фаронса, Николас Саркозӣ дар нишасти сарони Иттиҳоди Аврупо, Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои араб дар Порис гуфт, нерӯҳои ҳавоии кишварҳои ҳампаймон дар Либиф даст ба амалиёт задаанд, то аз ҳамлаи артиши Қаззофӣ ба Бенғозӣ пешгирӣ кунанд.
Дар ин байн аз Бенғозӣ хабар мерасад, ки ҳазорон нафар аз аҳолии он ба таври фаврӣ шаҳрро тарк мекунанд.
Ширкаткунандагони ҳамоиши Порис дар як эъломияи муштарак ба қатъи ҳама гуна амалиёти ҳарбӣ дар Либия ва расондани кӯмаки башардoстона ба аҳолии он даъват карданд.