Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи китоби ягонаи таълимӣ


Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки барои омӯзиши таъриху фарҳанги ҳамаи кишварҳои ҳамсуд ё муштаракулманофеъ китоби таълимии ягона таълиф шавад. Абдуҷаббор Раҳмонов-вазири маорифи Тоҷикистон ин нуктаро дар Боку-пойтахти Озарбойҷон дар мулоқоти коршиносон изҳор доштааст. Мулоқотро Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои башарии кишварҳои ҳамсуд баргузор кардааст. Дар ин бора хабаргузориҳои Русия иттилоъ медиҳанд. Оқои Раҳмонов ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки шабакаи воҳиди марказҳои илмиву омӯзишии ин кишварҳо ташкил шавад. Ба гуфтаи вай, чунин марказҳо барои табодули таҷруба ва ва ҳамкории кишварҳо шароит фароҳам меорад.
XS
SM
MD
LG