Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба реакторҳои Фукушимо чандин тонна об рехтаанд


Ҷопон талошҳоро барои сард кардани реакторҳои ҳастаии худ дар Фукушиморо, ки аз зилзила ва сунамӣ зарар дидаанд, бештар мекунад. Чархболҳои низомӣ ва мошинҳои обпоши полис ба реакторҳои тасфон чандин тонна об рехтаанд. Дар ҳоле, ки ҳарос аз густариши ташаъшуъ зиёд шудааст, бисёре аз кишварҳо ба шаҳрвандони худ машварат додаанд, ки Ҷопонро тарк кунанд. Чин аз Ҷопон хостааст, ки дар бораи мизони ташаъшуъ сари вақт ва дақиқ маълумот диҳад ва ҳарос дорад, ки аз Ҷопон намаки олуда ба ташаъшуъро харидорӣ накунад.
XS
SM
MD
LG