Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронӣ аз имкони рахна кардани гурӯҳҳо аз он он сӯи Омӯ


Азимов ва Бордюжа дар Қайроқум
Азимов ва Бордюжа дар Қайроқум
Имрӯз дар Душанбе нишасти гурӯҳи кории махсуси Афғонистон дар созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ(СПАД) оғоз ба кор кард. Ин ҳамоиши дурӯза бо ибтикори СММ даъват шудааст. Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар ин ҳамоиш гуфт: «Мо маълумоти кофие дорем, ки имрӯз дар Афғонистон гурӯҳҳои нави мусаллаҳ ташкил мешаванд, ки бояд ба хотири ба ҳам задани вазъ ба кишварҳои дигар эъзом шаванд.»
Дабири кулли СПАД Николай Бордюжа, ки бо як сафари панҷрӯза дар Тоҷикистон қарор дорад, аз таъсири манфии вазъи Афғонистон ба вазъи амниятӣ дар Тоҷикистону Қирғизистон изҳори нигаронӣ кард. СПАД як эътилофи низомиву амниятии кишварҳои пасошӯравист, ки Арманистону Беларус, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Узбакистонро дар атрофи Русия муттаҳид мекунад. Аммо Тошканд дар фаъолиятҳои ин паймон ширкати амалӣ надорад.
XS
SM
MD
LG