Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарифӣ бо намояндаи ИА дар Осиёи Марказӣ мулоқот кард


Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Пйер Морел-Намояндаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо барои Осиёи Марказӣ масъалаҳои минтақаӣ, аз ҷумла захоири энержии обӣ ва аҳамияти ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳодияи Аврупоро баррасӣ кард. Вазъи сиёсӣ дар Қирғизистон ва Афғонистон аз масъалаҳои дигари гуфтугӯи ҷонибҳо дар ин амулоқот буд. Онҳо ёдоварӣ карданд, ки мулоқоти навбатии сегонаи Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёси Марказӣ 7-ӯми апрел дар шаҳри Тошканд-пойтахти Узбакистон баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG