Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихобот дар ҳавзаи Сино 15 май баргузор мешавад


Комиссиюни Марказии Интихобот ва Райдпурсии Тоҷикистон замони баргузории интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи Синои шаҳри Душанберо эълон кард. Бино ба гуфтаи масъулини ин ниҳоди ҷумҳуриявӣ, интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи рақами 4-и ноҳияи Синои пойтахт рӯзи 15-уми май баргузор ва маъракаи қабл аз интихоботӣ барои баргузории он 16-уми март, яъне пагоҳ шурӯъ хоҳад шуд. Соли гузашта ҳангоми баргузории интихоботи порламонӣ ноҳияи Сино аз ҳавзаҳои доғ дар ин маърака ба ҳисоб мерафт. Интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи Синои шаҳри Душанбе ба сабаби қатъи пеш аз мӯҳлати ваколати вакили ин ҳавза доир мешавад. Шермаҳмади Шоҳиён-намояндаи пешини ноҳияи Сино дар порламон, ҳоло раиси Кумисюни Марказии Интихобот ва Раъйпурсӣ интихоб шудааст.
XS
SM
MD
LG