Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рамзи Наврӯз: Аз нури офтоб то тоҷи зарин


Рамзи ҷашни Наврӯз
Рамзи ҷашни Наврӯз

Бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон рамз ё нишони ҷашни Наврӯз дар ин кишвар тасдиқ шудааст.

Дар ин бора сомонаи интернетии раисҷумҳур хабар дода ва навиштааст, "ин рамз дар айёми тантанаҳои наврӯзӣ метавонад чун нишони ин ҷашни пурифтихори бостонӣ аз ороишоти асосии наврӯзгоҳҳо бошад."
Ин рамз ё нишони иди Наврӯз дар зудтарин фурсат дар Чин сиккабардорӣ ва дар рӯзҳои ҷашн ба меҳмонон тақдим карда хоҳад шуд...

Дар рамз ё нишони Наврӯз, ки ба шакли курраи замин аст, қутбҳои шимолу ҷануб, нурафшонии офтоб, оғози бедоршавии табиат, айёми киштукори донаҳои умед ва фасли баҳору шукуфоӣ ва ҳамчунин тоҷи заррини Нишону Парчами Тоҷикистон тасвир ёфтаанд.

Ин бори нахуст аст, ки дар Тоҷикистон рамзи Наврӯз ба таври расмӣ пешниҳод ва қабул шудааст.

Ҳарчанд аз замони Эрони бостон то кунун вобаста ба вазъи зиндагӣ ва низоми давлатдории мардум, Наврӯз дар нишасту бархости мардум бо гунаҳои мухталиф рамзороӣ мешуд.

Ба ин тартиб Хуршед ба унвони бахшояндаи рӯшаноӣ дар рамзи Наврӯз оварда шудааст. Акси курраи замин ба маънои ҷаҳонӣ шудани ҷашни Наврӯз будааст, ки пас аз эътирофи Созмони Милали Муттаҳид Наврӯз иди байналмилалӣ дониста шуд.

Ҳафт ситора, ки дар парчами давлати Тоҷикистон ҳам ҳаст ҳамчун рақами муқаддас дар замони пешдодиён то Эрони вусто ва то даврони мо барои мардуми эронинажод дониста мешавад. Ҳафт зинаи камолоти умри инсон, ҳафт рўзи ҳафта, ҳамчунин хӯрданиҳои асосии дастурхони наврузӣ ҳафтшину ҳафтсин низ дар назар дошта шудааст.

Гуфта мешавад, ин нишони Наврӯз дар зудтарин фурсат дар Чин сиккабардорӣ ва дар рӯзҳои ҷашн ба меҳмонон тақдим карда хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG