Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳудуди 1000 сарбози саудӣ вориди Баҳрайн шуд


Даргирии тазоҳургарон бо пулис дар пойтахти Баҳрайн
Даргирии тазоҳургарон бо пулис дар пойтахти Баҳрайн
Хабаргузориҳои ғарбӣ аз қавли як манбаъи расмӣ дар Арабистони саудӣ хабар доданд, ки ҳудуди 1000 сарбози саудӣ ба хотири дифоъ аз таъсисоти давлатӣ вориди Баҳрайн шудааст. Ин манбаъ бидуни бурдани ном гуфт, нирӯҳои саудӣ “бахше аз нирӯҳои Шӯрои ҳамкории халиҷанд, ки бояд аз идороти давлатӣ дифоъ кунанд.”Қаблан хабар расид, ки Баҳрайн хостори эъзоми нирӯҳо аз кишварҳои ҳамҷавор ба хотири эҳёи тартибот шудааст. Мухолифин дар Баҳрайн ин иқдомро “таҷовузи ошкор” хонданд.
Дабири кулли Шӯрои ҳамкории халиҷ Абдулраҳмон ал-Аттия дирӯз таъмини суботу амният дар ҳар кишвари арабии халиҷи Форсро аз масъулиятҳои Шӯро номид. Баҳрайн, ки мақари артиши панҷуми дарёии Амрикост, як моҳ боз ба эътирозҳое рӯбарӯст, ки аз ошӯбҳои мардумӣ дар Мисру Тунис илҳом гирифтаанд. Аксарияти шиъа шикоят дорад, ки ҳуқуқаш аз сӯи хонаводаи амирони суннии ин кишвар табъиз мешавад.
Шӯрои ҳамкории халиҷ Арабистони Саудӣ, Имороти Араб, Қувайт, Қатар, Умон ва Баҳрайнро фаро мегирад.
XS
SM
MD
LG