Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳилларӣ Клинтон бо мухолифини Либия гуфтӯгу мекунад


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико, имрӯз вориди шаҳри Порис, пойтахти Фаронса мешавад ва қарор аст, бо намояндагони мухолифини Либия ва ҳам раҳбарони баландпояи қудратҳои ҷаҳонӣ доир ба авзоъ дар он кишвар гуфтӯгу кунад. Баъд аз ин Ҳилларӣ Клинтон ба Тунис ва Миср меравад. Як рӯз пеш аз ин ҳукумати Амрико аз даъвати Иттиҳодияи Араб истиқбол кард, ки аз Шӯрои Амнияти Созмони Милал хост, ҳарими ҳавоии Либияро мамнӯъ барои парвоз эълом кунад.
XS
SM
MD
LG