Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти мухолифони ҳукумат дар Озарбойҷон


Мақомоти интизомӣ ва амниятии Озарбойҷон рӯзи шанбе, 12-уми март, 50 тан аз мухолифини ҳукумат – ширкаткунандагони ҳамоиши эътирозии бидуни иҷоза дар шаҳри Бокуро боздошт карданд.

Ба иттилои раёсати пулиси шаҳри Боку, 20 нафари боздоштшудаҳо дар сарпечӣ аз итоати кормандони ҳифзи тартибот айбдор мешаванд ва парвандаи онҳо ба додгоҳ фиристода хоҳад шуд.

Афроди боқимонда баъд аз ҳушдори расмӣ озод карда шудаанд. Ба иттилои хабарнигори радиои "Озодӣ", садҳо нафар бо талаби ислоҳоти демократӣ дар майдони Фаввораҳои маркази пойтахт ҷамъ омаданд. Аммо ин намоиши ташкилнамудаи ҳизби “Мусавват” ба зудӣ пароканда карда шуд.

Рӯзи ҷумъа, 11-уми марти соли ҷорӣ, пулиси Боку ҷавононеро пароканда намуд, ки мехостанд дар пойтахт ҳамоишеро зери унвони “Рӯзи бузурги мардумӣ” доир кунанд.

Ҷавонон дар кӯчаҳои пойтахт “озодӣ”-гӯён шиор мезаданд. Фаъолони озарӣ бо илҳом аз эътирозҳои Ховари Миёна тавассути Интернет мардумро ба тазоҳуроти зидди давлати Илҳом Алиев даъват карда буданд.

Вале мақомоти Озарбойҷон ҳанӯз то баргузории “Рӯзи бузурги мардумӣ” чанд тан аз фаъолони шинохтаро бо баҳонаҳои мухталиф боздошт карданд, ки мояи нигарониҳои байналмилалӣ шудааст.

11 martın ilkin görüntüləri
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:25 0:00
Линки мустақим


12 mart aksiyasından görüntülər - 1
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:22 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG