Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти навбатии мухолифин дар Баҳрайн саркӯб шуд


Дар шаҳри Манома, пойтахти Баҳрайн, кормандони полис тазоҳуроти навбатии мухолифинро бо истифода аз гази ашковар пароканда карданд.

Ба гуфтаи шоҳидон, эътирозгарон мехостанд яке аз шоҳроҳҳои асосиро баста, ҳамчунин дастрасӣ ба минтақаеро, ки муасиисаҳои молиявӣ ҷойгир шудаанд, масдуд созанд.

Ҳазорон ҷонибдорони мухолифин дар майдони маркази шаҳри Манома боқӣ мемонанд. Онҳо аз ҳукумат ислоҳоти сиёсӣ ва густариши ҳуқуқҳои мардуми шиамазҳабро талаб доранд. Ва аммо мақомоти Баҳрайн то ҳол ба мухолифин гузаштҳои ночиз кардаанд.
XS
SM
MD
LG