Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зилзилае, ки Ҷопонро ларзонд ва садҳо кушта бар ҷой гузошт


Заминларзаи 8,9 дараҷаӣ Ҷопонро такон дод ва сунамие барангехт, ки манотиқи васеи ин кишварро хароб кард.

Ба чандин кишвари дигар, аз ҷумла Русия, Тайван, Индонезия ва Австралия ҳушдор додаанд, ки сунамӣ метавонад ба он кишварҳо низ бирасад.

Мавҷҳои бузурги даҳметрӣ, ки бар асари заминларза бархостанд, киштиву хонаҳо ва мошину биноҳои баландро дар шимолушарқи Ҷопон шуста вайрон кард. Бино ба гузоришҳо, заминларзаву пасларзаҳои он афроди зиёдеро маҷрӯҳ кард ва сабаби сӯхтор дар баъзе аз манотиқи наздисоҳилӣ шуд. То
кунун дасти кам 5 нафар кушта шудаанд ва бими он меравад, ки афроди зиёде зери овори биноҳои харобшуда мондаанд.

Наото Кан, нахуствазири Ҷопон дар як муроҷиати телевизионӣ мардуми кишварашро ба оромӣ даъват кард ва гуфт, ситоди махсусӣ барои раъфи паёмадҳои фалокати табиӣ таъсис дода шудааст. Ӯ ҳамчунин гуфт, нерӯгоҳҳои барқи атомии Ҷопон осеб надидааст ва олудагие ҳам аз онҳо хориҷ нашудааст. Заминларза зӯҳри ҷумъа ба вуқӯъ пайваст ва маркази он дар умқи даҳ километрӣ ва 125 километрии соҳилҳои шарқии Ҷопон будааст.

Ҳатто дар Токио, пойтахти Ҷопон 400 километр дуртар аз маркази заминларза, хонаҳо башиддат ларзиданд. Аз ҷумла дафтари Шабакаи Телевизионии Ҷопон, ки хабарнигори он дар дохил ва аз ларзидани дафтари кориаш мегуфт: "Ман аз студиёи ЭН ЭЙ Ка дар Токио гузориш медиҳам. Алъон, ки ман сӯҳбат мекунам, мо пасларзаҳоро эҳсос мекунем, чароғҳо дар дохили студиё меларзанд."



Бино ба гузоришҳо, боми биное, ки дар он як маросими хатми донишгоҳ баргузор мешуд, фурӯ рафта ва 20 нафарро маҷрӯҳ кардааст. Баъзе биноҳо оташ гирифтаанд ва ҳаракати нақлиёт дар Токио мутаввақиф шуд ва фурудгоҳи асосии шаҳрро ҳам бастанд. Чаҳор миллион хона дар пойтахти Ҷопон ва атрофи он бе нерӯи барқ мондааст.

Телевизион як полоишгоҳи нафт дар наздикии Токиоро намоиш дод, ки дар коми оташ месӯхт. Як сухангӯи ҳукумат гуфт, ки ба манотиқи осебдида нерӯҳои артиш фиристода мешаванд то дар амалиётҳои имдодӣ кӯмак кунанд.

Созмони Милали Муттаҳид гуфт, 30 гурӯҳи байналмилалии имдодӣ омодаанд барои кӯмак ба Ҷопон бираванд. Марказҳои ҳушдор аз сунамӣ ба тамоми кишварҳои ҳошияи Уқёнуси Ором, аз ҷумла Русия, Тайван,
Филиппин, Индонезия, Австралия, Зеландияи Нав ва чанде аз кишварҳои Амрикои Ҷанубӣ ҳушдор доданд, ки сунамӣ метавонад, то ба онҳо низ бирасад. Айни замон, Русия 11 ҳазор нафарро аз як ҷазираҳои воқеъ дар Уқёнуси Ором ба ҷойи амн интиқол додаанд. Мақомоти Русия гуфтанд, сунамӣ метавонад, ба шаҳрҳои соҳилӣ ва рустоҳои чаҳор ҷазирае бирасад, ки наздикии ҷазираи Ҳоккайдои Ҷопон воқеъ шудаанд.

Ҷопон дар яке аз гӯшаҳои зилзилахезтарини курраи Замин ҷойгир шудааст ва заминларзаи соли 1995 дар шаҳри Кобе дар ин кишвар бештар аз 6 400 нафарро кушт ва ба ин шаҳр 100 миллиард доллар хисорот ворид кард.

Сунамии харобиовартарин дар таърих соли 2004-ум дар Уқёнуси Ҳинд дида шуд, ки бар асари он дар кишварҳои наздисоҳилии ин уқёнус бахусус дар Индонезия 230 ҳазор нафар кушта шуданд.

Заминларзаи шадид дар Ҷопон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG