Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар миёни "ислом" ва "демократия"


Баҳси чӣ гуна бархӯрд кардан ба мавҷи шӯришҳо дар Ховари Миёна шикоферо миёни рӯҳониён ба вуҷуд овардааст.

Аз як сӯ рӯҳониёни пуштибони давлат, ба мисли "салафи"-ҳои муҳофизакор аз Шӯрои Уламои Арабистони Саудӣ қарор гирифтаанд, ки шӯришҳои зиддидавлатиро ҳамчун ҷунбиши зиддиисломӣ маҳкум мекунанд.

Дар тарафи дигар рӯҳониёни ислоҳотталаб ҷойгир шудаанд, ки афкори мухталиф доранд: бархе тундраванд, бархеи дигар андешаҳои секулярӣ ё дунявӣ доранд. Аммо саҳми ин рӯҳониён дар шаклгирии афкори умум ва интихоби роҳи мушаххас дар замони гузариш хеле муассир будааст.

"БАР ЗИДДИ АЛЛОҲ"
Ҷунбиши “Ихвонулмуслимин” низ талош дорад, ки дар Миср ҳизби "Озодӣ ва Адолат", як созмони шабеҳи ҳизби "Адолат ва Рушд"-и Туркияро таъсис диҳад...


Шӯрои Уламои Арабистони Саудӣ бо пахши як изҳорот дар таърихи 6-уми март, шеваи кори тазоҳургарон, аз ҷумла маъракаи ҷамъоварии имзоҳоро “оташбарангез” ва хилофи дастурҳои Худованд арзёбӣ кард.

Аз сӯи дигар, рӯҳонии исломии Миср Ҷамол ал-Банно, бародари хурди бунёдгузори ҷунбиши “Ихвонулмуслимин” Ҳасан ал-Банно гуфт, ки ҳеҷ ихтилофе байни арзишҳои демократӣ ва дини ислом вуҷуд надорад.

“Намоишҳои эътирозӣ як роҳи рушди тақво ва ҷилавгирӣ аз гуноҳ аст”,- гуфт Банно ва афзуд, “баргузории намоишҳои эътирозӣ ба маъноест, ки мардум мехоҳанд амнияти ҳуқуқи нақзшудаи худ ҳифз ё бар сари талаботи қонунӣ исрор кунанд.”

Баъзе ислоҳотталабон ба дунболи ҳизби ҳокими Туркия - "Ҳизби Адолат ва Рушд" мегарданд ва ҳамзистии дини ислому арзишҳои демократия дар онро намуна меоранд.

Рашид Ғанушӣ, яке аз лидерони бадарғашудаи Тунис, моҳи равон зимни боздид аз Туркия мақомоти ҳизбро барои таъмини созиши дини ислом бо замони муосир ситоиш кард. Ҷунбиши “Ихвонулмуслимин” низ талош дорад, ки дар Миср ҳизби "Озодӣ ва Адолат", як созмони шабеҳи ҳизби "Адолат ва Рушд"-и Туркияро таъсис диҳад.

Аммо Шодӣ Ҳамид, раҳбари пажӯҳишҳо дар Пажӯҳишгоҳи Бруклинги Доҳа мегӯяд, ихтилофи назар миёни руҳониён ҷанбаи илоҳият надорад ва бештар намоишгари манзараи боварҳои сиёсист. Ба гуфтаи ӯ, аксар донишмандони соҳаи илоҳиёт, ба мисли Юсуфи Қарзовӣ, исломӣ ҳастанд ва бо ҷунбишҳои шинохтае чун “Ихвонулмуслимин” ҳамроҳӣ доранд.

Маъвизахони мустақили телевизионӣ Амр Холид, бо миллионҳо тамошобинаш низ ҳамчун чеҳраи пурнуфуз шинохта шудааст. Ҳамид мегӯяд, шӯҳрати беандозаи ин шахсиятҳо мавриди таваҷҷӯҳи ҷунбишҳои худҷӯш аст, ки дар пайи раҳбар мегарданд.

ДАР ПАЙИ ДИФОИ ОЗОДӢ

Ба дунболи истеъфои Ҳуснӣ Муборак аз мақоми раисҷумҳур, Юсуф Қарзовӣ намози ҷумъаро дар майдони Таҳрири Миср пеш бурд, ки дар он садҳо ҳазор нафар иштирок карданд.

Ӯ дар 50 соли ахир бори аввал ба мардум хитоб ва аз онҳо даъват кард, ки инқилоби худ ва озодии тозадастрасшударо ҳифз кунанд. Қарзовӣ ҳамчунин бархӯрди худро ба нооромиҳо дар Либия баён кард ва гуфт, ки қатли Муаммар Қаззофӣ тавҷеҳшаванда аст.

Пажӯҳишгар Шодӣ Ҳамид мегӯяд, рӯҳониёни шинохтае мисли Қарзовӣ бар ин назаранд, ки насли нав муштоқи ҷудо будани масҷид аз давлат аст. “Ҳатто “Ихвонулмуслимин” аз ин ақида пуштибонӣ мекунад. Аммо бояд рӯшан бошад, ки ҷудо шудани масҷид аз давлат, маънои ҷудо будани дин аз давлатро надорад”,- гуфт Ҳамид.

Вай афзуд, “назарсанҷиҳо нишон медиҳанд, ки аксари мусулмонҳо дар дунёи Араб аз нақши умдаи мазҳаб дар сиёсати ҷомеа пуштибонӣ мекунанд."

Муқтадир Хон, коршиноси умури ҷунбишҳои исломӣ дар донишгоҳи Делавер,
Вақте мардум сарнавишти худро бо дасти худ месозанд, барои тундравӣ дар минтақа ҷой намемонад. Демократия позаҳрест барои заҳри эксримизм ва терроризм...
бо ишора ба таҷрибаи демократҳои масеҳӣ дар Аврупо, зуҳури ҷунбишҳои демократии мусулмонӣ дар минтақаро аз эҳтимол дур намедонад. Бино ба пешгӯии ӯ, ин ҷунбишҳо шеваи классикии демократияро ба худ касб мекунанд ва бо ислому шариат дар муқовимат қарор нахоҳад дошт.

КАҶРАВИИ САУДӢ

Дар сурати рӯи кор омадани ин сенария, бозандагони аслӣ нухбагони таъсисҳои мазҳабӣ хоҳанд буд. Муқтадир Хон мегӯяд, ин сенария нақши Риёдро дар дунёи Араб камранг ва ин давлатро ҳамчун раҳбари мазҳабӣ камхаридор мекунад.

Вай мегӯяд, “дар ҳоле ки демократия, озодӣ ва баробарӣ дар ҷаҳони Араб меъёрҳои маъмулӣ мешаванд, Арабистони Саудӣ ба раҳгумзадаи минтақа табдил меёбад. Ман дар се моҳи ҳодисаҳои Миср чандин дафъа навишта будам, ки агар Миср демократӣ шавад, демократия дар ҷаҳони Араб меъёр ва ҳар кишвари ғайридемократӣ манфур намоён хоҳад шуд. Ин мояи нигарони Саудӣ аст ва рӯҳониҳояш низ аз ин метарсанд.”

Аз сӯи дигар нуфузи тундравони исломиро набояд нодида гирифт. Шодӣ Ҳамид мегӯяд, инқилобҳо дар ҷаҳони Араб созмони Ал-Қоидаро беаҳамият намоён кард. Мардум диданд, ки дигаргуниро метавон бо роҳи осоишта низ ба даст овард, на бо роҳҳои хушнутаборе, ки Бин Лоден ва Ал-Завоҳарӣ тарғиб мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар сурати ба харҷу марҷ гаравидани инқилобҳо дар ҷаҳони Араб роҳ барои пайдо шудани гурӯҳҳои фавқулода тундрав ҳамвор мешавад.

“Ховари Миёнаи демократӣ таҳдидест ба экстримизм ва гурӯҳҳои амсоли Ал-Қоида. Вақте мардум сарнавишти худро бо дасти худ месозанд, барои тундравӣ дар минтақа ҷой намемонад. Демократия позаҳрест барои заҳри экстримизм ва терроризм”
,-илова кард Шодӣ Ҳамид.
XS
SM
MD
LG