Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як кӯдаки озар дар минтақаи марзӣ ҳадафи тир қарор гирифт


Вазорати дифои Озарбойҷон мегӯяд, як писари 9-солаи озарро дар наздикии марзи Қарабоғи Кӯҳистонӣ нируҳои Арманистон бо туфанги нишонзан ҳадаф қарор додаанд. Ҳайдар Собируғлу-сухангӯи вазорати дифоъ гуфтааст, тири нишонзан дар минтақаи ишғолии Арманистон ба сари ин писар расидааст ва вай дар бемористон ҷон додааст. Аммо раҳбарони Қарабоғ ин гуфтаҳоро рад мекунанд. Соли ҷорӣ ин шашумин куштор аз ҳар ду ҷониб дар манотиқи марзии мавриди баҳси ин ду кишвар мебошад.
XS
SM
MD
LG