Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷо Байден бо раҳбарони Кохи Кремл мулоқот мекунад


Д. Медведев ва Ҷо Байден
Д. Медведев ва Ҷо Байден
Интизор меравад, ки имрӯз Ҷо Байден- муовини раиси ҷумҳури Амрико дар Маскав бо Владимир Путин-нахуствазири Русия дидор ва гуфтугӯ кунад. Рӯзи чаворшанбе Байден бо Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия дар осоишгоҳи раиси ҷумҳур дар ҳаволии Маскав мулоқот анҷом дод. Вай раҳбарони Кохи Кремлро мутмаин сохт, ки Вошингтон аз узвияти Русия дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ҷонибдорӣ хоҳад кард. Масъалаи дигари муҳими баррасӣ дар ин мулоқот роҳҳои ҳалли бӯҳрони Либия ва нақшаҳои сипари зиддимушакии Амрико дар Аврупо буд.
XS
SM
MD
LG