Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай: "Афғонистонро соли душворе дар пеш аст"


Раиси ҷумҳури Афғонистон интиқодашро аз муассисаҳо ва нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон афзоиш додааст.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, раиси ҷумҳури Афғонистон рӯзи сешанбе дар Кобул гуфтааст, ин монеаҳоро сари роҳи ҳукуматаш эҷод карда ва сабаби куштани ғайринизомиён мешавад, ки ин мавзӯъ ғайри қобили қабул аст.

Ин интиқоди раиси ҷумҳури Афғонистон дар дуввумин рӯзи мусофирати вазири дифои Амрико Роберт Гетс ба Афғонистон сурат мегирад. Гетс ба
ҳадафи баррасии пешрафти амният ба Афғонистон сафар кардааст.

Раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай мегӯяд, ки талафоти ғайринизомиён дар амалиётҳои низомӣ бузургтарин ҷанҷол миёни Афғонистон ва Амрико аст.

Ҷаноби Карзай бори дигартаъкид кард мавҷудияти идораҳои ҳамгом бо ҳукумати Афғонистон мисли ширкатҳои амниятии хусусӣ ва гурӯҳҳои бозсозӣ, монеаҳоро бар сари роҳи ҳукумати Афғонистон эҷод мекунад.

Оқои Карзай, ки дар як маросим ба муносибати рӯзи байналмилалии занон дар Кобул сӯҳбат мекард, гуфтааст соли душвор ва ҳассос дар пеш хоҳад буд.



Ба гуфтаи ӯ талош ба хотири оғози музокироти сулҳ бо Толибон, ояндаи равобит миёни Афғонистон ва Амрико ва интиқоли масъулияти амниятӣ ба нерӯҳои афғон, аз ҷумлаи ин душвориҳо хоҳад буд.

Ин суханони раиси ҷумҳури Афғонистон дар ҳоле садо медиҳад, ки Созмони Милали Муттаҳид низ эълом кард, ки теъдоди қурбониёни ғайринизомии ҷанг дар Афғонистон соли гузашта ба ҳадди рекордӣ расидааст. Созмони Милал, ки ҳар сол талафот дар миёни ғайринизомиёни афғонро мешуморад, мегӯяд, соли гузашта бештар аз 2700 ғайринизомӣ дар ҷангҳои Афғонистон кушта шудаанд, ки дар муқоиса ба соли 2009 15 дарсад зиёд аст.

Дар марги 75 дар сади онҳо ситезҷӯён гунаҳкор будаанд ва масъули 16 дарсади талафот дар миёни ғайринизомиён, нерӯҳои хориҷӣ ва афғон хонда шудаанд.
XS
SM
MD
LG