Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷибоева ҷоизаашро ба нишони эътироз бармегардонад


Мӯътабар Тоҷибоева, як фаъоли ҳуқуқи башари узбак мегӯяд, ба нишони эътироз ба эътои ҷоизаи ҷасорати вазорати хориҷаи Амрико ба раисиҷумҳури Қирғизистон айни ҷоизаро, ки дар соли 2009 дарёфт карда буд, бар хоҳад гардонд.
Мӯътабар Тоҷибоева мегӯяд, эътои ҷоизаи занони шуҷоъ ба Роза Отунбоева «эътимоди мардумаш ба мурооти адолат ва ҳақиқат аз сӯи Амрикоро нобуд мекунад.» Ӯ дар як номаи саркушода навишт, ки Отунбоева «ба куштори хушунатбори ҳамқавмони ӯ дар Қирғизистон роҳ дода, ҷиҳати пешгирӣ аз сирқати кумакҳое, ки ба ин мардум ирсол шуданд, коре накард ва натавонист пеши роҳи поккории қавмиро бигирад ва қодир нест муҷозоти узбакҳоро, ки то ҳол идома дорад, қатъ кунад.» Тоҷибоева гуфтааст, дар як рӯйхати омадани исмаш бо Отунбоеваро, ки ба таъбири ӯ, «дастонаш то оринҷ оғӯштаи хун аст», хиёнат ба мардуми худ меҳисобад ва ба ин далел ҷоизаи вазорати хориҷаи Амрикоро радд мекунад. Бар асари даргириҳои қавмӣ байни узбакҳову қирғизҳо дар ҷануби Қирғизистон дар тобистони гузашта беш аз 400 нафар кушта шуданд.
Вазорати хориҷаи Амрико ҷоизаи занони шуҷоъро ҳар сол тақдим мекунад ва аз соли 2007 ба ин сӯ 38 зан аз 27 кишвар ба ин ҷоиза мушарраф шудаанд.
Вазорати хориҷаи Амрико гуфтааст, Роза Отунбоеваро ба хотири дар як ҳукумати муваққат ба ҳам овардани мухолифини таърихан ба ҳам зид бо ин ҷоиза тақдир мекунад.
Мӯътабар Тоҷибоеваи 49-сола барои фаъолиятҳояш дар роҳи дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар Узбакистон 2 сол зиндонӣ ҳам шудааст.
XS
SM
MD
LG