Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Покистон


Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон дар ҳолест, ки мизони гардиши мол миёни ин ду кишвар ночиз будааст.

Дар ин сафар бештар намояндагони идораҳо ва вазоратхонаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамроҳӣ доранд.

Қарор аст, миёни ду кишвар санадҳо дар бахши ҳамкориҳо дар соҳаи энержӣ, беҳдошт ва варзишу фарҳанг ба имзо расад.

АЗ ПАХТА ТО САБЗИҶОТ

Корманди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Маҳмадмурод Асомиддинов мегӯяд, дар муддати 12 моҳи соли гузашта Тоҷикистон ҳудуди 15,5 миллион доллар ба Покистон нахи пахта ва меваҷот, аз ҷумла ангур содир кардааст.

Дар навбати худ молҳои содирнамудаи Покистон ба Тоҷикистон бештар аз 6 милион долларро дар бар мегирад, ки аслан аз хушбуйиҳо, маводи пахтагӣ ва сабзиҷот иборат будааст. Дар соли 2010 мизони гардиши коло байни ду кишвар бештар аз соли 2009 мебошад.

Иқтисоддонҳои тоҷик мегӯянд, мизони ҳамкориҳои ду кишвар дар қиёс бо захоири иҷтисодие, ки доранд хеле андак аст.

ПОКИСТОН ВА РОҒУН

Саид Навид Қамар, вазири хусусисозии Покистон
Покистон ҳанӯз ду даҳсола қабл ба захоири энержии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир карда буд.

Аз ҷумла, дар соли 1990 ин кишвар барои тарҳи сохтмони "Роғун" 500 миллион доллар ваъда дод, аммо бо шурӯи нооромиҳо дар Тоҷикистон ва тағйири ҳукуматҳо дар ду кишвар, мақомоти Покистон изҳор доштанд, ки то рӯшан шудани мавқеи Русия аз ширкат дар ин тарҳ худдорӣ хоҳанд кард.

Ҳоло Исломобод бо ҷуръат мехоҳад дар бахши энержии Тоҷикистон саҳми мустақим дошта бошад.

Вазири хусусисозии Покистон Саид Навид Қамар дар нишасти ҳайатҳои Тоҷикистону Покистон дар шаҳри Душанбе дар охири моҳи феврали соли ҷорӣ гуфт, Покистон ба сохтмони Роун таваҷҷӯҳ дорад ва омода аст кӯмакҳои фаннӣ дар ин роҳ бирасонад.

"CASA-1000"

Вай дар мавриди ҳамкориҳои дуҷониба дар ин бахш таъкид кард, ки тарҳи хатти баландшиддати интиқоли барқ, маъруф бо номи "CASA-1000", барои Покистон бисёр муҳим аст.

Вай афзуд, "тарҳи "CASA-1000" барои ҳар ду кишвар муҳим аст. Шумо захоири бузурги барқ доред ва мо онро харидорӣ мекунем. Ин барои чархондани соҳаҳои муҳими санъатии кишвари мо лозим аст. Шумо медонед, ки мо камбуди барқ дорем. Мо талош хоҳем кард, то шароитро барои бунёди хатти мазкур таъмин кунем",-афзуд ӯ.

Хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқ "CASA-1000" аз тарҳҳои бузурги минтақавист, ки бо кӯмаки созмонҳои бузурги молиявии ҷаҳонӣ, ба монанди Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки рушди Осиё бо ҳазинаи 680 миллион доллар сохта мешавад ва умдатан интиқоли барқи нерӯгоҳҳои "Қамбарота"-и Қирғизистон ва "Роғун"-и Тоҷикистон ба Афғонистон ва Покистонро дар назар дорад.

"АФҒОНИСТОН НИЗ МУҲИМ АСТ"

Олим Бобокалонов, коршиноси Маркази стратегии назди раисҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, воқеан ин тарҳҳо стратегӣ ҳастанд, вале Тоҷикистон бояд талош кунад, ки ҳар чӣ зуд шароитро баро харидории захоири барқи худ барои Покистон омода созад.

Ба қавли Бобокалонов, Покистон ба хотири истифода аз захоири барқи арзон ва аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон омодаи ҳамкории фаъол ва сармоягузории бештар мебошад.

Ба қавли таҳлилгарон, масъалаи дигаре, ки дар ҷараёни музокироти сарони Душанбе ва Исломобод мавриди гуфтугӯи ҷиддии ҷонибҳо қарор хоҳад гирифт, амнияти минтақа, бахусус, вазъи Афғонистон мебошад.

Зеро интиқоли хатти баландшиддати барқ ва ҳамагуна ҳамкориҳои ин ду кишвар тақрибан аз тариқи Афғонистон сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG