Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Санкт Петербург тоҷикеро кордкӯбӣ кардаанд


Матбуоти Русия хабар додааст, ки дар шаҳри Санкт-Петербург ҷасади марди хориҷиеро пайдо кардаанд, ки аз захми корд даргузаштааст. Дар бадани вай осори бештар аз 38 захми корд мушоҳида шудааст. Ин мард ба шаҳрвандони Осиёи Марказӣ шабоҳат доштааст ва бино ба маълумоти муқаддамотӣ шаҳрванди Тоҷикистон будааст. Дар хабарҳо омадааст, ин марди 28-сола қурбони ғазаби миллатгароёни рус қарор гирифтааст. Сабабҳои куштор таҳқиқ мешавад. Аз ин шаҳрванди Тоҷикистон ном бурда нашудааст.
XS
SM
MD
LG