Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Судури ҳукми боздошти ду хабарнигори турк


Додгоҳи Туркия ҳукми боздошти ду хабарнигори маъруф дар иртикоби парвандаи қасди табаддулот алайҳи давлати рӯ ба Исломи ин кишварро содир кард. Надим Сенер ва Аҳмад Сик ба ҳамдастӣ дар ин қасди табадуллоти соли 2003 алайҳи ҳукумати сарвазир Раҷаб Таййиб Эрдуғон айбдор мешаванд. Дар чаҳорчӯби он қазия беш аз 100 нафар, бо шумули генералҳои собиқ, ба масъулият кашонида шудааст.
Аммо мунтақидон судури ҳукми боздошти хабарнигоронро таҳдид ба озодии матбуот дар Туркия унвон мекунанд.
XS
SM
MD
LG