Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Лутф"-ҳои падаронаи "охирин диктатор"-и Аврупо


Коляи навҷавон дар либоси низомӣ
Коляи навҷавон дар либоси низомӣ

Ӯ бо попи Рум вохӯрда, нерӯҳои артишро бозрасӣ ва туфангчаи тиллорангашро ба раисҷумҳури Русия нишон додааст.

Ӯ Коля Лукашенка, писари 6-солаи Александр Лукашенка, раиси ҷумҳури Белорус аст. Писари, раиси ҷумҳуре, ки “охири диктатори” Аврупо мехонандаш ва ҳам як раҳбари бераҳмест, ки мухолифи ҳаргуна тағйироти демократӣ дар ҷумҳурии Белорус мебошад.

Микалай Лукашенка, ё Коля, писари зардмӯи шашсоларо аксар вақт дар
телевизионҳои ҷумҳурии Белорус мебинед ва ҳамроҳи падараш дар сафарҳои гуногуни корӣ. Моҳи декабри соли гузашта ӯ зимни раъйдиҳӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳур падарашро ҳамроҳӣ мекард ва ба гуфтаи Александр Лукашенко, ҳамин Коляи кӯчак буд, ки ӯро ташвиқ кард, ба худаш раъй диҳад:

“Вақте ба кабинаи раъйдиҳӣ ворид шудем, ӯ баргаи дарози раъйдиҳиро гирифта хонд ва номи маро ёфта гуфт, падар, падар, бубин, номи Александр Лукашенко, инҷо ҳаст. Ман гуфтам, ту ба кӣ раъй медиҳӣ, ӯ гуфт, биё ба ту раъй медиҳем. Ва ман бори аввал дар умрам ба худам раъй додам ва бо шарофати ҳамин кӯдак.”

Барои Александр Лукашенка, ки бо лақаби “Батка” ҳам шинохта шудааст, Коля бо вуҷуди хурдӣ хидмати бисёр зиёд кардааст. Александр Лукашенкаи 56-сола аз ҳамсари аввалаш Ҳалина ду писари дигар, Виктар ва Дмитрий дорад, вале зоҳиран муҳаббате, ки ба писари саввумаш дорад, қобили қиёс ба муҳаббат бо бародарони дигараш нест.

Коля фарзанди Ирина Абелская, табиби хусусии Александр Лукашенко аст, ки ҳоло бо ҳаманд. То ду солагии Коля, ҷомеаи Белорус аз ӯ хабаре надошт, аммо баъди ошкор шуданаш, Коля рӯзҳои барномарезишудае дорад, ки ҳатто барои дипломатҳои пухта хастакунанда аст. Ӯ дар мулоқоти як ба яки
падараш бо раиси ҷумҳури Арманистон ҳузур дошт, дар либоси низомӣ нерӯҳои ҷумҳурии Белорусро тафтиш кард ва зимни сафари Александр Лукашенко ба Ватикан, попи Рум ҳам ӯро навозиш кардааст.

Кам мебинед, ки телевизионҳои ҷумҳурии Белорус ӯро ҳангоми сӯҳбат ва ё бозӣ бо кӯдакон нишон диҳад, вале баъзан чунин иттифоқ меафтад. Боре ӯро дар як маросим нишон доданд, ки бо Айфони нави дурахшоне бозӣ мекард ва ҳам маълум шудааст, ки ӯ аз шоколод ҳассосият дорад. Боре ҳам бо тавсияи падараш ба Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия барои туфангчаи зарандудаш ташаккур гуфт. Дар мулоқоти падараш бо Серж Саркиссиён, раиси ҷумҳури Арманистон ӯ тамоми вақт сари зонуи Александр Лукашенко нишаста буд, ба писари хушахлоқу ором ва каме гиҷшуда ба назар меомад.

Александра Динко, хабарнигори бахши белорусии Радиои Озодӣ мегӯяд, нишон додани муносиботи падару писар чанд ҳадаф дорад: “Мард дар
паҳлӯи як кӯдак, бисёр бузург ва қавӣ менамояд ва ба ҳайси падар ӯ ширин ва шоистаи эҳтиром ба назар мерасад. Раиси ҷумҳур аксар вақт зимни муносибат бо писараш, ҷанбаи инсонии худро нишон додааст. Писарашро, “малиш” хонда ва нақл мекард, ки чӣ гуна ӯ соли навро таҷлил карданд, ё баҳси телевизионии номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳурро тамошо карданд. Аз ин роҳ раиси ҷумҳур худро осону содда ба мардум нишон медиҳад, вале айни замон мардум дар воқеъ ба писар таваҷҷӯҳ нишон намедиҳанд ва доир ба ӯ назари хосе ҳам надоранд.”


Агарчӣ дар кишварҳои шӯравии собиқ аз падар ба писар гузаштани ҳукумат дида шудааст, вале дар Ҷумҳурии Белорус мардум ҷойгузини падар шудани Коляро ҷиддӣ намегиранд. Ва худи Лукашенко ҳам боре дар робита ба ҳамин суол ба истилоҳ абрӯ чин кард. Дар воқеъ нозирони сиёсӣ, ҳатто тарафдорони Александр Лукашенка ҳам аз нишони додани беш аз ҳадди муҳаббати падар ба писар дар телевизионҳои давлатӣ хушҳол нестанд.

Валерий Карбалевич, муаллифи китоби нави “Симои Сиёсӣ” дар бораи Лукашенко мегӯяд, мушовирони раиси ҷумур ба ӯ тавсия додаанд, то писарашро зиёд ба намоиш нагузорад: "Ҳузури ӯ дар назди падараш бахусус ҳангоми чорабиниҳои корӣ, вокуниши манфиро дар ҷомеаи Ҷумҳурии Белорус ба бор меорад. Яъне ин намоишкорӣ на ба фоида, балки ба зарари раиси ҷумҳур шуд. Дар марҳилаҳои аввал, Коляро зиёд бо падараш нишон медоданд, аммо баъдан ин намоишҳо камтар шуд. Зоҳиран ба ӯ фаҳмонданд, ки ин кор ба нафъи ӯву обрӯяш нест."

Айни замон, баъзе аз мутахассисони тарбияи кӯдакон аз шеваи зиндагии Коляи 6 сола, писари Александр Лукашенко ҳам нигаронанд. Сондра Смиф Адкок, мушовир дар Донишгоҳи Флоридаи Амрико мегӯяд, аз он наворҳое, ки дидааст, чунин ба назар меояд, ки Коля бачаи танҳоест, ки аз фазои кӯдакона дур мондааст. Бадтар аз ин шояд ӯро падараш, барои мақсадҳои сиёсии худ истифода мекунад: “Он кӯдак мисли сипар ба назар мерасад. Зоҳиран Лукашенко чунин фикр мекунад, ки агар ин кӯдаки зебо пеши ман аст ва агар ман худро падари мушфиқу меҳрубон нишон диҳам, мардум маро тарафдорӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG