Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташдиди тадобири амниятӣ дар остонаи дафни вазир


Дар Исломобод тадобири амниятӣ ташдид ёфтааст. Кормандони амниятӣ дар боми масоҷид ва биноҳои баландошёна бо туфангҳои нишонзан мавзеъ гирифтаанд. Ин дар ҳолест, ки дар ин шаҳр маросими дафни вазир Шаҳбоз Бҳаттӣ баргузор мешавад. Бҳаттӣ аз масеҳиюни Покистон аст, ки рӯзи чаҳоршанбе аз тарафи исломгаронёни тундрав дар рӯзи равшан дар Исломобод террор шуд. Вай дар кобинаи нахуствазир Юсуф Ризо Гилонӣ вазири умури қабоил буд. Ал Қоида ва ҷунбиши Толибони Покистон масъулияти ин террорро бар ӯҳда гирифтаанд. Интизор меравад, ки нахуствазир Юсуф Ризо Гилонӣ дар маросими дафн ширкат ҷӯяд.
XS
SM
MD
LG