Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавои борониву сарди баҳори Тоҷикистон


Марказҳои ҳавошиносӣ хабар медиҳанд, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои абрӣ буда, муддати кӯтоҳ борон меборад, азчаҳор то нӯҳ дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳри Хуҷанд дар нимаи дуввуми рӯз борон меборад, ҳарорати ҳаво то 9 дараҷа боло хоҳад рафт.

Осмони шаҳри Қӯрғонтеппаро ҳам абрҳо фаро мегирад ва аммо гоҳ-гоҳе офтоб ҷамоли худро нишон хоҳад дод, ҳаво то 10 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, имрӯз ҳам барф меборад, ҳаво дар нимаи аввали рӯз то 11 дараҷа сард ва қарибиҳои шом то 2 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз ҳам сардтарин минтақаҳои Тоҷикистон ноҳияи Мурғоб ва дашти Аличур боқӣ мемонанд – дар ин манотиқ барф меборад, ҳаво дар баъзе мавзеъҳо то 20 дараҷа сард хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG