Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолони "Ихвон-ул-муслимин" маҳбасро тарк мекунанд


Дар Миср баъд аз тақрибан панҷ сол ду фаъоли ҷунбиши «Ихвон-ул-Муслимин» маҳбасро тарк хоҳанд кард.

Ба иттилои хабаргузории MENA, яке аз раҳбарони ҷунбиши Ҳайрат Ал-Шотир ва хазинадори «Ихвон-ул-Муслимин» Ҳасан Малик бо сабаби вазъи сиҳаташон озод карда мешаванд.

Тақрибан се ҳафта пеш бар асари эътирозҳои густурдаи мардум раисиҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборак истеъфо дод.

Айни ҳол қудрат дар дасти Шӯрои олии низомист, ки бояд тарҳи нави Қонунии асосиро таҳия карда, интихоботи озоду одилона доир намояд.

Замони қудрати Муборак «Ихвон-ул-Муслимин» даро Миср зери фишори шадид қарор дошт.
XS
SM
MD
LG