Таркиши бомби канори роҳ дар вилояти Луғари Афғонистон мунҷар ба ҳалокати 4 сарбози афғон ва тарҷумони онҳо шудааст. Динмуҳаммад Дарвеш, сухангӯи волии Луғар гуфт, ин бомб дар улусволии Чарх ҳангоми дидбонии муштараки ин сарбозон бо нирӯҳои Амрико мунфаҷир шуд. Дар ҳамин ҳол, раҳбари пулиси вилояти Кунар гуфт, бар асари ҳамлаи иштибоҳии нирӯҳои НАТО дар ин минтақа кӯдакони аз 7 то 9-сола кушта шуданд. НАТО шоми дирӯз гуфт, иддаоҳо дар бораи ҳалокати афроди мулкӣ бар асари ин ҳамлаи ҷавобии нирӯҳояшро таҳқиқ мекунад.