Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рисолае, ки дарди сари вазир шуд


Карл Теодор су Гуттенберг
Карл Теодор су Гуттенберг

Моҷарои тақаллуб дар иншои рисолаи докторӣ вазири дифоъи Олмонро маҷбур кард, ки ба истеъфо равад

Карл Теодор су Гуттенберг дар бораи истеъфояш аз мақоми вазири дифоъи Олмон дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод ва гуфт, ки саҳнаи сиёсиро тарк мекунад.

Истеъфо – паёмади моҷарои марбут бо рисолаи доктории вазир аст, ки ба таъйиди мутахассисон, як бахши он аз дигар асарҳо рӯйбардор шудааст. Гуттенберг, ки яке аз номзадҳои эҳтимолӣ ба мақоми Садри аъзам ё канслери Олмон маҳсуб мешуд, аз ин пеш аз унвони доктори илм маҳрум карда шуда буд.

Рӯзи душанбе беш аз 20 ҳазор донишмандони олмонӣ ба садри аъзам Ангела Меркел шикоят карда буданд, ки бо вуҷуди моҷаро ва исбот шудани тақаллуб дар навиштаи рисолаи докторӣ вазири дифоъ барои тарки курсӣ шитоб надорад.

ХАТ ҒАЛАТ, ИМЛО ҒАЛАТ, ИНШО ҒАЛАТ
...

Моҷарои рисолаи доктории Карл Теодор су Гуттенберг моҳи гузашта шурӯъ шуд - нашрияи Suddeutsche Zeitung вазирро дар он айбдор намуд, ки бахши аъзами рисолаи докторияшро аз дигар асарҳо рӯйбардор кардааст.
Вазири дифоъ фардои рахшони сиёсӣ дошт


Вазир панҷ сол пеш дар донишгоҳи шаҳри Байройт дар мавзӯъи равандҳои конститутсионӣ дар Амрикову Иттиҳодияи Аврупо рисолаи докторӣ дифоъ карда буд. Нашрия, аз ҷумла, навишта буд, ки су Гуттенберг дар рисола чандин пора аз матолиби нашрияҳо ва бахши бузурги як маърӯзаро бидуни ишора ба маъзах, яъне ҳамчун назари шахсии худ, ҷой додааст.

Баъдан хабарнигорон ва мутахассисон ошкор намуданд, ки су Гуттенберг ҳатто иштибоҳҳои саҳван ба матолиби нашрияҳо воридшударо ислоҳ накардааст.

ДИФОЪИ НОКОМ АЗ ВАЗИРИ ДИФОЪ


Suddeutsche Zeitung ҳамчунин навишта буд, кор аз болои рисолаи докторӣ замоне хатм шуд, ки су Гуттенберг аллакай вакили парлумон буд, яъне шояд як бахши диссертатсияро ёварони ӯ навишта бошанд.

Худи вазири дифоъ аз аввал ҳама иттиҳомро рад мекард. Ва аммо расонаҳо ба он нукта ишора мекардаанд, ки барои ба додгоҳ кашидани нашрияи Suddeutsche Zeitung шитоб надорад... Ба думболи ин донишгоҳи Байройт низ эълом дошт, ки иттиҳоми асардуздӣ дар рисолаи су Гуттенбергро тафтиш мекунад. Оқибат зери бори далелҳои раднопазир вазир маҷбур шуд ба тақаллубӣ будани рисолаи докторияш иқрор кунад.

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел аз рӯзҳои аввал аз су Гуттенберг дифоъ мекард ва ҳатто гуфт, ки ӯ на донишманд, балки мутахассиси варзидаро ба вазифаи вазири дифоъ пешбарӣ кардааст. Ва аммо акнун, ба гуфтаи коршиносон, ба ҷуз розӣ шудан ба истеъфои вазири дифоъ дигар чорае надорад.
XS
SM
MD
LG