Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО мавзӯъи амалиёти низомӣ дар Либияро баррасӣ мекунад


Кишварҳои ғарбӣ имкони баргузории амалиёти низомӣ алайҳи раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ ба хотири дифоъи мардум аз ҳамлаи нерӯҳои ҳукуматиро баррасӣ мекунанд.

Роберт Гейтс, вазири дифоъи Амрико, ахиран тайид кард, ки киштиҳои низомии ИМА сӯи соҳилҳои Либия равонаанд ва аммо афзуд, ки ҳанӯз НАТО дар мавриди амалиёти низомӣ дар Либия ба созише нарасидааст.

Сарвазири Бритониё Дэвид Камерон истифодаи нерӯи низомӣ алайҳи Қаззофиро байид намедонад.

Русия ва Фаронса изҳор намуданд, ки амалиёти низомӣ фақат баъди дарёфти мандати Шӯрои амнияти СММ имконпазир хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG