Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Аврупо ба Қирғизистон кӯмаки молӣ мекунад


Хосе Мануел Бароссо-раиси Кумиссиюни Иттиҳодияи Аврупо имрӯз эълон кард, ки Иттиҳодияи Аврупо омода аст ба будҷаи Қирғизистон кӯмаки молӣ кунад. Оқои Бароссо ин нуктаро дар як нишасти хабарии муштарак бо Роза Отунбоева-раиси ҷумҳури Қирғизистон дар Белгия изҳор дошт. Иттиҳодияи Аврупо қавл додааст, ки барои солҳои 2010-2011 ба Қирғизистон 118 миллион евро кӯмаки башарӣ расонад.
XS
SM
MD
LG