Имрӯз дар Маскав гирдиҳамоии ҷунбиши мухолифон бо номи “Левый фронт” парканда карда шуд. Ин ҷунбиш бар зидди эътибор пайдо кардани “Қонун дар бораи пулис” эътироз кард. 4 нафар аз фаъолони ин ҷунбиш боздошт шуданд. Сергей Удалцов-ҳамоҳангсози ин ҷунбиш аз ҷумлаи онҳост. Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия имрӯз дар робита бо оғози эътибори ин қонун 7 фармон имзо кард. Вай баъд аз мулоқот бо Рашид Нуралиев-вазири дохилӣ гуфт:
“Қонуни нав дар бораи пулис имрӯз эътибор пайдо мекунад. Ман умедворам, ки ҳамаи хадамоти пулис барои кор тибқи ин санади аслӣ омода шудаанд, санаде, ки мақом ва ояндаи фаъолиятро дар солҳои наздик муайян мекунад”.
Тибқи яке аз фармонҳои раиси ҷумҳур, кормандони пулис ва ҳатто худи вазир Рашид Нургалиев бояд аз имтиҳон ё санҷиш бигзаранд.