Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нируҳои Қаззофӣ дар шаҳри Зовия шикаст хӯрданд


Шоҳидони айнӣ мегӯянд, нируҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ талош кардаанд шаҳри Зовияро дар Либия дубора зери контроли худ дароранд, вале ин кор ба онҳо муяссар нашудааст. Шаҳри Зовия ба Троблус-пойтахти Либия наздик аст ва 50 километр масофа дорад. Амалиёти нируҳои Қаззофӣ шабона шаш соат давом кардааст ва дар он тонкҳо ва аслиҳаи дифои ҳавоӣ ширкат доштаанд. Нируҳои Қаззофӣ дар Зовия баъд аз он шикаст хӯрдаанд, ки вай ба хабарнигорони ғарбӣ гуфт, мардум вайро дӯст медоранд ва худро барои вай қурбон мекунанд:

“Онҳо маро дӯст медоранд. Ҳамаи мардуми ман бо мананд. Онҳо ҳама маро дӯст медоранд. Онҳо, мардуми ман барои ҳимояти ман ҷон медиҳанд”.

Сусан Райс-намояндаи Амрико дар СММ ин гуфтаҳои Қаззофиро “савсата” номид.
XS
SM
MD
LG