Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаззофӣ: "Мардум барои ман ҷон нисор мекунанд."


Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, раҳбари Либияро барои таҳмили ҷанг болои мардуми кишвараш маҳкум кард.

"Баъд аз он чӣ, ки дар Либия рух дод, ҳукумати Қаззофӣ эътибори қонунии худро аз даст додааст",-изҳор намуд Бан Ки Мун.

Қабл аз ин изҳорот, Дабири кулли СММ бо раисҷумҳури Амрико Барак Обама дидору гуфтугӯ дошт. Ӯ аз мавқеи устувори Вашингтон дар баробари бӯҳрони Ховари Миёна ситоиш кард.

Амрико 30 миллиард доллар маблағҳои Либия дар бонкҳои кишварро мунҷамид сохт ва ҳоло нерӯҳои ҳавоиву дарёии худро ба манотиқи наздиктар ба Либия интиқол медиҳад.

БРЮССЕЛ ҲАМ ҚАЗЗОФИРО МУҶОЗОТ МЕКУНАД


Ахиран ба думболи Шӯрои амнияти СММ Иттиҳодияи Аврупо низ алайҳи режими раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ таҳримҳо ҷорӣ кард.

Бастаи таҳримҳо - манъи фурӯши силоҳ, манъи ироаи раводиди сафар ва мунҷамид сохтани ҳисобҳои бонкии раҳбари Либия ва тақрибан 20 тан аз аъзои хонаводаву наздикони ӯро дар бар мегирад.

Томаш Феллегӣ, вазири энержии Маҷористон-раиси давраии Иттиҳодияи Аврупо гуфт, Брюссел “ба фурӯши аслиҳа ба Либия эмбарго гузошта, алайҳи масъулони саркӯбсозии хушунатбори мардуми осоишта таҳримҳо ҷорӣ мекунад.”

Сарвазири Бритониё Дэвид Камерон изҳор намуд, Лондон ҳамроҳ бо чанд кишвари дигар тарҳеро таҳия мекунанд, ки бар пояи он ҳарими ҳавоии бархе кишварҳо барои парвози ҳавопаймоҳои Либия мамнӯъ эълон хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол Додгоҳи байнулмилалии Ҳейг, ки ахиран тафтиши ҷиноёти

эҳтимолӣ алайҳи башарият дар Либияро шурӯъ кардааст, ҳадс зад, ки бар асари бархӯрдҳо дар ин кишвар шояд тақрибан ду ҳазор нафар ба ҳалокат расида бошанд.

Дирӯз Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, дар нишасти Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи башар изҳор намуд, ки барои Қаззофӣ замони тарки мақом фаро расидааст. Ба гуфтаи ӯ "сарҳанг Қаззофӣ ва атрофиёнаш бо аъмоли худ машрӯъиятро аз даст доданд ва мардуми Либия босароҳат ба онҳо гуфт: вақти рафтани Қаззофӣ расид. Ӯ бояд ҳозир, бидуни хушунати бештар ва таъхир биравад.”

ҚАЗЗОФӢ: "МАРДУМ МАРО ДӮСТ МЕДОРАД"

Аммо ба назар мерасад, ки Муаммар Қаззофӣ мақоми худро тарк карданӣ нест. Ӯ дар сӯҳбат ба телевизиони "BBC" изҳор намуд, ки дар хиёбонҳои пойтахти кишвараш ягон задухӯрд рух надодааст.

Қаззофӣ афзуд, ширкатдорони нооромиҳо ҳамагӣ зери таъсири маводи мухаддир қарор доранд. Ин маводи мухаддирро, ба гуфтаи ӯ, шабакаи “Ал-Қоида” дар Либия паҳн мекунад.

Қаззофӣ ба Муборак ва Солеҳ такя мекард
Раҳбари Либия ҳамчунин изҳор намуд, ки намоишгарон силоҳи ҷонибдорони ӯро гирифтаанд ва аммо ӯ ба ҷонибдоронаш амр кардааст, ки сӯи тазоҳургарон оташ накушоянд.

Муаммар Қаззофӣ талаби истеъфоро бемаънӣ хондааст, зеро, ба гуфтаи худаш, ӯ ягон мақоми расмӣ надорад ва қудрат дар Либия дар дасти мардум аст.

Сарвари Либия ҳамчунин итиҳоми сиёсатмадорони ғарбӣ дар бораи ҳисобҳои бонкияш дар хориҷи Либияро рад карда, иҳзор намудааст, ки барои ин иттиҳом онҳо бояд далел пешниҳод кунанд.

Муҷрии маъруфи шабакаи телевизионии амрикоии "АВС" Кристина Амонпур низ шоми душанбе дар блоги худ дар Твиттер навишт, ки бо Қаззофӣ мусоҳиба анҷом додааст. Дар ин сӯҳбат раҳбари Либия гуфтааст, ки “ҳама одамон (албатта, манзураш мардуми Либия аст) маро дӯст медоранд ва барои дифоъ аз ман ҷони худро қурбон хоҳанд кард.”

Сафири Амрико дар СММ Сюзан Райс ин гуфтаҳоро чун “ҳарза” арзёбӣ намуд ва афзуд, ба назар мерасад, ки Қаззофӣ воқеиятро аслан дарк намекунад.
XS
SM
MD
LG