Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Клинтон: "Вақти рафтани Қаззофӣ расидааст"

Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон дар иҷлоси Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар Женева гуфт, вақт аст, ки раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ билофосила аз мақом биравад: “Сарҳанг Қаззофӣ ва атрофиёнаш бояд барои ин аъмол ба масъулият кашонида шаванд. Онҳо бо аъмоли худ машрӯъиятро аз даст доданд ва мардуми Либия босароҳат ба онҳо гуфт: Вақти рафтани Қаззофӣ расид. Бояд ҳозир, бидуни хушунати бештар ва таъхир биравад.”
Қаблан куммисари олии СММ дар умури ҳуқуқи башар Навӣ Пиллай дар Женева ҳамаи кишварҳоро ба пуштибонӣ аз ҷунбиши ислоҳот дар Ховари Миёна даъват кард.
Ва ҳам имрӯз ИА алайҳи режими Муаммар Қаззофӣ таҳримот эъмол кард, ки манъи фурӯши аслиҳаву ироаи раводиди сафар ва мунҷамид сохтани суратҳисобҳои бонкии раҳбари Либия ва зери 20 тан аз аъзои хонавода ва ёрони ӯро дар бар мегирад. Додситони Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ Луис Морено-Окампо низ имрӯз аз оғози таҳқиқи аввалияи ҷиноёти алайҳи башарият дар Либия хабар дод.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Наврӯзгоҳи Душанбе ба иди палав табдил мешавад

Хуҷанд, иди палав дар соли 2015

Дар Душанбе ҷаншнвораи навбатии «Оши палав» баргузор мешавад. Ба гуфтаи шаҳрдорӣ, ин чорабинӣ 30-юми октябр дар Наврӯзгоҳ ташкил мешавад. Барои ширкат дар ҷашнвора ошпазҳо аз чаҳор ноҳияи пойтахт, вилоятҳои Суғду Хатлон ва навоҳии тобеи марказ даъват шудаанд. Ҳамчунин иштироки ошпазҳо аз Узбекистону Афғонистон ва Русия дар назар аст. Шаҳрдорӣ мегӯяд, оше ки дар ҷашнвора пухта мешавад, ба кӯдакистонҳо ва хонаҳои пиронсолон тақсим мегардад. Соли 2016 UNESCO - Бунёди илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид, "Оши палав"-ро ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддӣ ворид кард. Ин пешниҳод аз тарафи Тоҷикистону Узбекистон ироа шуда буд.

Оши палав ғизои маъмул ва асосии мардуми Тоҷикистон, Узбекистон ва дигар сокинони Осиёи Марказӣ ба шумор меравад ва онро дар ҳама маъракаҳои шодиву ғам таҳия мекунанд.

Арзиши патент дар бархе минтақаҳои Русия боло меравад

Нархи патенти корӣ барои муҳоҷирон дар вилояти Омск баланд бурда мешавад. Хабаргузориҳои русӣ менависанд ки парлумони вилоятӣ дар ин маврид лоиҳаи қонунро тасвиб намудааст, ки тибқи он аз соли 2022 коргарони хориҷӣ бояд барои патент беш аз 4 ҳазор рубл пардохт кунанд. Дар ҳоле ки имсол арзиши патент дар вилояти Омск 3890 рублро ташкил медиҳад. Ҳамингуна нархи патент дар вилояти Тюмен, аз 5 896 ба 6 203 рубл афзуда, дар Новосибирск ҳам ба арзиши патент дар соли оянда 247 рубл илова хоҳад шуд. Ҳамасола тақрибан 2 млн нафар муҳоҷирон дар Русия бар асоси патент кор мекунанд. Доштани патент баробар бо маънои иҷозаи кор дар Русия мебошад. Русия соли 2015 муқаррароти доштани ҳатмии патенти корро ҷорӣ кард ва буҷаи он кишвар ҳар сол аз ҳисоби пардохтҳои муҳоҷирони корӣ миллионҳо доллар фоида мебинад. Муҳоҷироне ки бе патент кор мекунанд ҷарима ва аз қаламрави Русия ихроҷ мешаванд. Мақомоти рус соли оянда аз ҳисоби додани патент 90 миллион рубл фоийда ба даст оварданӣ ҳастанд.

АП: Вазорати беҳдошт хуруҷи зардпарвин дар Тоҷикистонро рад кард

Табибе хуни беморро ба эҳтимоли гирифторӣ ба СПИД, ҳепатит ё зардпарвини навъи В ва С, сифилис ва дигар бемориҳо месанҷад

Вазорати тандурустии Тоҷикистон сару садоҳо дар бораи хуруҷи бемории зардпарвин дар кишварро рад кардааст. Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти беҳдоштии Вазорати тандурустӣ ба хабаргузории "Азия-плюс" гуфтааст, вазъи эпидемиологӣ дар кишвар муътадил буда, асосе барои ташвиш надорад. Қаблан овозаҳое пайдо шуд, ки гӯё дар қаламрави Тоҷикистон хуруҷи ин вирус мушоҳида мешавад.

Ҷаъфаров гуфт, ки бемории зардпарвин мавсимӣ буда, бештар аз ҳама кӯдакони синни аз 3 то 14-сола дар баробари ин вирус осебпазир ҳастанд.

Зани олмонӣ барои аз об маҳрум кардани кӯдаки язидӣ ба зиндон маҳкум шуд

Қавми язидӣ аз дасти ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" бисёр азият шудааст

Додгоҳи шаҳри Мюнхени Олмон зани олмониеро, ки иҷоза додааст як духтараки язидӣ аз ташнагӣ бимирад, ба 10 соли зиндон маҳкум кардааст. Ӯ ба узвият дар гуруҳи «Давлати исломӣ» дар Ироқ, талош барои куштор, ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноят ба зидди башарият гунаҳкор дониста шудааст. Муҳокимаи ӯ рӯзи 25-уми октябр сурат гирифт. Муфаттишони олмонӣ мегӯянд, муттаҳами 30-сола ба ҷиноятҳо бо номи Ҷениффер ба бераҳмии шавҳараш - як ҷангҷӯи ДОИШ чашм пӯшидааст, ки духтараки панҷсолаи язидиро барои тар кардани ҷойи хобаш зери офтоби сӯзон баста мондааст. Ӯро соли 2018 ҳангоми бозгашташ аз Олмон ба Сурия дастгир кардаанд. Зани 30-сола ба гуфтаи муфаттишон ҳамчунин узви “пулиси ахлоқ”-и ДОИШ дар шаҳрҳои Фаллуҷа ва Мосул кор карда вазифааш аз назорати занон ба пӯшидани бурқаи сиёҳ иборат будааст. Додситони кулли Олмон аз додгоҳ тақозо карда буд, ки ин занро ба зиндони якумрӣ маҳкум кунад.

Ҳукми шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Қирғизистон 4-уми ноябр бозбинӣ мекунанд

Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров дар Қирғизистон ба ҳабси абад маҳкум шудааст

Шикояти пайвандони ду шаҳрванди маҳкумшудаи Тоҷикистонро дар Қирғизистон рӯзи 4-уми ноябри имсол баррасӣ хоҳанд кард.

Пештар эълон шуда буд, ки додгоҳи таҷдиди назар рӯзи 19-уми октябр баргузор мешавад, вале сурат нагирифт.

Додгоҳи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон моҳи сентябри имсол Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусовро дар пайванд ба муноқишаи мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳабси абад маҳкум кард. Дар муноқишаи моҳи апрел аз ду ҷониб даҳҳо кас куштаву захмӣ шуданд.

Шаҳрвандони маҳкумшудаи Тоҷикистон дар деҳаи Борбоддуки Қирғизистон зиндагӣ мекарданд. Ин роҳест, ки аз як тараф Тоҷикистон ва аз тарафи дигар Қирғизистон ҷойгир аст.

Мақомоти Қирғизистон се шаҳрванди тоҷики Қирғизистонро низ дар пайванд ба задухӯрди мусаллаҳона ба муҳлатҳои гуногун ба зиндон маҳкум кардаанд.

Дар Тоҷикистон нархи дизел бо безин баробар шуд

Нуқтаи маводи сӯхт дар Тоҷикистон

Нархи cӯхти дизелӣ дар Тоҷикистон бо бензин баробар шудааст. Ба навиштаи хабаргузории «Спутник», дар чанд рӯзи ахир арзиши солярка 60 дирам афзуда, ба 10 сомониву 80 дирам расидааст. Нархи бензин низ 20 дирам зиёд шуда, вобаста ба навъаш аз 10 сомониву 80 дирам то 11 сомониву 20 дирам баробар шудааст. Марҳила ба марҳила болоравии нархи маводи сузишворӣ дар кишварро ҳафтаи гузашта ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» низ огоҳ карда буд. Ин ширкати калони таъминкунандаи маводи сӯхт ба Тоҷикистон сабабашро ба афзоиши қимати маҳсулоти нафтӣ дар кишварҳои содиркунанда, аз ҷумла Русия, пайванд дод. Болоравии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ҳамеша мояи нигаронии сокинон будааст. Дар пайи гарон шудани нархи маводи сӯхт одатан арзиши роҳкиро ва хӯрокворӣ низ гарон мешавад, ки дар ин кишваре, ки аксар аҳолиаш бо даромади кам зиндагӣ мекунад, дарднок қабул мешавад.

Ихроҷи муҳоҷирон аз Санкт-Петербург. Тоҷикистон ҳам кам нестанд

Қароргоҳи депортатсионӣ дар шаҳри Егорйевски Русия

Соли ҷорӣ аз ҳудуди Санкт-Петребург барои вайрон кардани қоидаҳои буду бош 524 шаҳрванди хориҷӣ ихроҷ шудааст. Мақомоти ин шаҳр мегӯянд, аз ин миён 80 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Ин омор дар ҳоле эълон шудааст, ки то моҳи июни соли 2021 аз сартосари Русия 8 ҳазору 600 муҳоҷирро берун кардаанд. Ҳазору 200 нафари дигар дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ мунтазири интиқол ба ватанҳояшон мебошанд. Дар айни замон, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ боздошту ихороҷи муҳоҷирони тоҷик дар Маскав низ зиёд шудааст. Ҳуқуқшиносони маркази "Тонг ҷаҳонӣ" танҳо дар давоми 10 рӯзи ахир ихроҷи ҳудуди 50 зодаи Тоҷикистонро ҳисоб кардаанд.

Мақомоти Русия мегӯянд, сабаби аслии ихроҷи муҳоҷирон вайрон кардани қоидаҳои будубоши ин кишвар мебошад.

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз камбуди барқ ва мушкили маош гуфт

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 25-уми октябр дар маҷлиси ҳукумат ба мавзӯи таъмини аҳолӣ бо барқу гармӣ ишора кардааст.

Сокинони гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон як моҳ боз аз камбуди барқ шикоят доранд. Дар баъзе аз минтақаҳои кишвар барқ танҳо шом дода мешаваду бас.

Ширкати "Барқи Тоҷик" ба монанди солҳои гузашта қатъи барқро ба таъмир ва омодагӣ ба зимистон рабт додааст. Сабабе, ки мардум баҳонае беш намедонанд. Айни замон кишвар ба Афғонистон нерӯи барқ содирот мекунад.

Президент Раҳмон ҳамзамон дастур додааст, ки маош, кумакпулӣ ва пардохтҳои дигари иҷтимоӣ ба аҳолӣ аз буҷети давлатӣ "сари вақт" ва "пурра" дода шавад.

Ин талаб дар ҳоле садо дод, ки кормандони соҳаҳои гуногун ва бештар дар минтақаҳои Тоҷикистон аз таъхири чандмоҳа дар пардохти маош шикоят мекунанд.

Гуфтугӯҳои дипломати баландпояи чинӣ бо "Толибон"

Чин, 28 июли соли 2021. Мулоқоти ҳаммуассиси "Толибон" Мулло Абдулғанӣ Бародар ва вазири корҳои хориҷии Чин Ван И. Ин мулоқот чанд ҳафта пеш аз ишғол шудани Кобул аз ҷониби "Толибон" сурат гирифт

Ҳафтаи ҷорӣ вазири корҳои хориҷии Чин Ван И дар Қатар аст ва, ба қавли мақомоти масъул, бо намояндагони «Толибон» дар Давҳа мулоқоти баландпоя барпо мекунад. Ван Венбин, сухангӯи вазорат дар нишасти матбуотии рӯзи 25-уми октябр гуфт, дар гуфтугӯҳое, ки рӯзи 26-уми октябр ҳам идома мекунад, дар бораи вазъи Афғонистон ва ҳам масоили мавриди нигаронии муштарак табодули назар сурат мегирад. Ӯ гуфт, ки мардуми Афғонистон “имконияти таърихии таъини мустақилонаи сарнавишти кишварашонро доранд”, вале чолишҳо зиёд аст ва ин кишвар ба ёриҳои беруна ниёз дорад. Ӯ гуфт, ки Чин ҳамеша ба “муколама ва тамос ба хотири ба самти мусбат бурдани вазъ дар Афғонистон ва кӯмак дар раҳоӣ аз мушкилоташ даъват кардааст”.

Чин аз Толибон тақозо кардааст, ки гузаргоҳҳои марзиро боз нигоҳ дорад ва ҳамчун ёрии башарӣ ба “Толибон” 31 миллион доллар кӯмак ва ҳам 3 миллион дона воксинаи сохти чинии зидди COVID-19 тақдим кард. Мақомоти Чин аз “Толибон” тақозо карданд, ки дар Афғонистон як ҳукумати фарогир бисозанд, вале дар бораи ҳуқуқи занону духтарон ва ҳам дастрасии онҳо ба кору таҳсил ваё масоили ҳуқуқи башар чизе нагуфтанд.

Блинкен амали низомиёни Судонро маҳкум кард

25-уми октябр, шаҳри Хартум, пойтахти Судон

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен бо нашри гузорише рӯзи 25-уми октябр амалҳои нирӯҳои мусаллаҳи Судонро «ба шиддат маҳкум» ва ба озод кардани нахуствазир ва дигар раҳбарони мадании ин кишвар даъват намуд. Блинкен гуфт, амали низомиёни Судон, ки субҳи рӯзи душанбе нахуствазир Абдулло Ҳамдукро боздошт ва дар ин кишвари воқеъ дар Африқои шарқӣ ҳолати изтирорӣ ҷорӣ карданд, метавонад ҷараёни интиқоли ин кишвар ба низоми демократиро ба ҳам занад ва ин хиёнат ба инқилоби сулҳомези Судон мебошад. Блинкен боздошти Ҳамдук ва дигар раҳбарони маданиро «ғайри қобили қабул» номид.

Қаблан генерал Абдуфаттоҳ Бурҳон тавассути телевизион эълон кард, ки ӯ Шӯрои мухторро, ки як ниҳоди мадании ҳоким дар ҳукумати давраи гузори Ҳамдук буд, пароканда мекунад.

Ин ҳодиса, ки онро кудатои эҳтимолӣ номидаанд, аз ҷониби кишварҳои саросари ҷаҳон маҳкум гардид. Як моҳ баъд қарор буд генерал Бурҳон раҳбарии Шӯрои мухторро ба ғайринизомиён вогузор мекард. Рӯзи 26-уми октябр вазъи Судон дар ҷаласаи пушти дарҳои бастаи Шӯрои амнияти СММ баррасӣ мешавад.

Путин хост, дари тарабхонаҳо шабона баста шавад

Президенти Русия Владимир Путин ба раҳбарони минтақаҳои ин кишвар тавсия дод, ки дари тарабхона ва марказҳои дилхуширо шабона (аз соати 23.00 то 6 субҳ) банданд.

Ҳамчунин ба раҳбарони вилоятҳои Русия тавсия дода шудааст, шаҳрвандони аз 60-сола болоро, ки ваксинаи зидди коронавирус нагирифтаанд, ба гӯшанишинӣ фиристода, барояшон ба муҳлати як моҳ низоми кори фосилавӣ роҳандозӣ кунанд.

Аз раҳбарони минтақаҳои Русия хоста шудааст, ки баргузории чорабиниҳои фароғатиро манъ намоянд.

Путин ҳамчунин дастур додааст, ки барои кормандони эмшуда ду рӯзи истироҳат дар ҳафта бидуни кам кардани маош муайян карда шавад ва ҳамчунин теъдоди санҷишҳои гирифторӣ ба вирусро афзоиш диҳанд.

Раҳбарони минтақаҳои Русия вазифадор шудаанд, ки дар бораи чораҳои андешидаи худ дар ин замина 30 ноябр ба Путин гузориш диҳанд.

Владимир Путин бо дархости ҳукумати Русия аз 30 октябр то 7 ноябри соли равонро дар он кишвар рӯзҳои ғайрикорӣ эълом кард.

Фаъоли туркман дар боздоштгоҳи Туркия гуруснанишинӣ эълом кард

Эътирози туркманистониҳо дар Истанбул. Акс аз бойгонӣ.

Фаъоли мадании туркман Аҳмад Раҳмонови 47-сола, ки 22 октябр дар Туркия дастгир шуд, дар эътироз ба сиёсатҳои президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гуруснанишинӣ эълом кардааст.

Дар ин бора Бунёди Ҳелсинкии Туркманистон оид ба ҳуқуқи башар 25 октябр хабар дод. "Умедворам, ки ҷомеаи байналмилалӣ ба мушкили туркманҳо дар Туркманистон ва хориҷ таваҷҷуҳ мекунад", - гуфтааст ӯ.

Ба ин иқдоми Раҳмонов чандин туркманистонии дигар, ки ҳамроҳи ӯ дар маркази ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ дар Туркия қарор доранд, пайвастаанд. Дар ин марказ туркманистониҳое нигаҳдорӣ мешаванд, ки муҳлати санадҳои будубошашон гузаштааст.

Раҳмонов мудири саҳифаи гуруҳи "Интихоби демократии Туркманистон" дар шабакаҳои иҷтимоӣ буд. Вай ҳукумати Туркманистонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ошкоро танқид мекард.

Раҳмонов 18 октябр барои тамдиди муҳлати иҷозатномаи зисти худ ба шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати Туркия дар шаҳри Анталия рафт ва дар онҷо дастгир шуд.

Абдуқаюм Юсуфов, вакили мудофеи шинохтаро дар Душанбе дафн карданд

Абдуқаюм Юсуфов

Абдуқаюм Юсуфов, вакили шинохтаи тоҷикро рӯзи 25-уми октябр дар оромгоҳи "Сариосиё"-и Душанбе дафн карданд.

Ӯ ду рӯз пеш дар шаҳри Тамбови Русия бар асари фишорбаландӣ даргузашт. Худаш як рӯз пеш аз марг дар тамоси телефонӣ бо хабарнигори Радиои Озодӣ "аз дарди дил" шикоят дошт. Юсуфов 61-сола буд.

Фаридун Юсуфов, писари ҳуқуқшинос, гуфт, тобути падарашро дар нимаи дувуми 24-уми октябр аз шаҳри Тамбов ба Душанбе оварданд. "Дар маросими видоъ хешовандони падарам ва ҳамкорону дӯстон ҳузур доштанд", -- афзуд ӯ.

Ҳамкоронаш даргузашти Абдуқаюм Юсуфовро бохти бузург донистанд. Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси маъруф, ба Радиои Озодӣ гуфт: "Абдуқаюм яке аз шогирдон ва ҳамкорони беҳтарин буд. Бо бисёре аз парвандаҳое машғул буд, ки дигарон ҷуръати машғул шудан бо онро надоштанд."

Юсуфов дар чанд парвандаи пурсарусадо, аз ҷумла қазияи Ғаффор Мирзоев (Ғаффор Седой), фармондеҳи пешини Горди Миллӣ ва раиси собиқи Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир вакили мудофеъ буд.

Ӯ замоне дар мақоми муовини раиси Коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон – "Сипар" – кор кардааст. Ҷонибори ёрии ҳуқуқии ройгон ё бепул ба аҳолӣ буд ва мегуфт, ба кори адвокатҳо набояд танҳо аз назари фаъолияти тиҷоратии онҳо баҳогузорӣ кард.

Дар Қазоқистон мехоҳанд, барои "ташаккули рӯҳияи миллӣ" $280 млн харҷ кунанд

Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон

Дар Вазорати иттилоъ ва рушди иҷтимоии Қазоқистон тарҳи "Ташаккули рӯҳияи миллӣ"-и ин кишварро муаррифӣ карданд.

Дар тарҳ омадааст, ки забони қазоқӣ аз сатҳи гуфтугӯӣ ба "забони илм ва тиҷорат" табдил дода шуда, фарҳанги миллӣ фаротар аз Қазоқистон таблиғ гардад.

Аида Балаева, вазири иттилоъ ва рушди иҷтимоии Қазоқистон, гуфт, "ин сармоягузорӣ ба тафаккури одамон аст, ки даромади он аз ҳамаи соҳаҳои ҳаёти инсонҳо: фарҳанг, иқтисод, таҳсилот ба даст хоҳад омад". Вай гуфт, барои амалисозии ин тарҳ аз буҷаи Қазоқистон 280 миллион доллар дархост карда мешавад.

Аммо, зоҳиран, қазоқистониҳо аз ин тарҳ ҷонибдорӣ намекунанд. Дар вокуниш баъзе аз сокинони Қазоқистон навиштанд, ташаккули рӯҳияи миллӣ - охирин масъалае аст, ки онҳо атрофаш меандешанд. Бино ба омори расмӣ, қазоқистониҳо бештар аз нисфи даромади худро барои хариди хӯрок сарф мекунанд.

"Таблиғоти давлатӣ - василаи мувофиқест барои доираи ҳукмрон, ки тавассути гуфтугӯ атрофи маънавият, арзишҳо мағзшӯӣ анҷом диҳанд ва ҳамзамон бераҳмона кишварро ғорат кунанду сарватҳоро ба офшорҳо баранд", - навиштанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъзе аз корбарон.

Дар Қазоқистон як чунин тарҳе амалӣ шуда буд. Барои тарҳи нахустини "тақвият ва ташаккули рӯҳияи миллӣ" 2,5 миллион доллар харҷ шуд.

Исроил ба сохтмони шаҳракҳо дар Каронаи Ғарбӣ оғоз кард

Акс аз бойгонӣ

Исроил ба сохтмони шаҳракҳои нав дар минтақаи ишғолии Каронаи Ғарбӣ оғоз кардааст. Телавив дар назар дорад, дар ин шаҳракҳо беш аз 1300 хона бунёд кунад. Иёлоти Муттаҳида ба хотири сохтмони шаҳракҳои яҳудинишин ибрози нигаронӣ кардааст. Каронаи Ғарбӣ дар ҷанги шашрӯза дар соли 1967 ишғол шудааст. Интизор меравад, дар чанд рӯзи оянда як кумитаи давлатии Исроил дар мавриди пешниҳодҳо барои сохтмони 3000 хонаи дигар баҳс кунад.

Ҳамсари Нозанин Зоғарӣ дар маркази Лондон гуруснанишинӣ кард

Ричард Ратклифф бо духтараш, Габриэлла Ратклифф

Ричард Ратклифф, шавҳари Нозанин Зоғарӣ-Ратклифф, зани бритониёии эрониасл, даст ба гуруснанишинӣ задааст. Зоғарӣ то соли 2020 дар Эрон зиндонӣ буд ва ҳоло ӯро ба як соли дигар ҳабс маҳкум кардаанд.

Ричард Ратклифф рӯзи 24-уми октябр дар назди Вазорати корҳои хориҷии Бритониё, дар маркази Лондон, гуруснанишинӣ кард.

Созмони Афви Байнулмилал мегӯяд, Ричард Ратклифф қасд дорад, Борис Ҷонсон, сарвазири ин кишварро зери фишор қарор диҳад, то барои озодии ҳамсараш ва шаҳрвандони дигар аз зиндонҳои Эрон чора андешад.

Нозанин Зоғарӣ бори аввал, моҳи апрели соли 2016, замоне ки қасд дошт, пас аз мулоқот бо хонаводааш дар Эрон ба Бритониё баргардад, дар фурудгоҳи Теҳрон дастгир шуд. Ӯро бо гуноҳи тавтеаи сарнагунии режими Эрон ба панҷ сол ҳабс маҳкум карданд. Зоғарӣ ин иттиҳомро рад кардааст.

Ҳоло ӯро ба "таблиғи зидди низом" ҳангоми иштирок дар тазоҳуроти соли 2009 дар назди сафорати Эрон дар Лондон ба як сол ҳабс маҳкум кардаанд.

HRW ҳамлаҳои ДОИШ-ро ба зидди ҳазораҳо “ҷиноят алайҳи башарият” донист

Оромгоҳи ҳазораҳое, ки дар ҳамлаҳои ДОИШ қурбон шудаанд

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), қароргоҳаш дар Ню-Йорк, ҳамлаҳои гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ"-ро ба зидди ҳазораҳо (ақаллияти шиа) дар Афғонистон ба “ҷинояти зидди башарият” баробар донист.

Шохаи “Хуросон”-и ДОИШ масъулияти чанд ҳамла, аз ҷумла бомбгузориҳои маргталабонаро дар масҷиди ҳазораҳо (шиаҳо) дар Кундуз ва Қандаҳор ба уҳда гирифтааст. Дар ин ҳамлаҳо дар як моҳи охир тақрибан 150 нафар кушта ва даҳҳо каси дигар захмӣ шуданд.

Гуруҳи тундрав рӯзи 29-уми августи имсол дар фурудгоҳи Кобул бомбгузории маргталабонаро низ анҷом дод, ки дар он 170 афғон, аксаран ғайринизомиён, кушта шуданд.

Патрисия Госсман, ёвари мудири бахши Осиё дар Дидбони Ҳуқуқи Башар, 25-уми октябр дар изҳороте гуфт: "Ин гуруҳ борҳо ҳамлаҳои харобиоварро анҷом додааст, ки ба назар мерасад, ҳадафаш паҳн кардани терроризм ва расондани зиёни ҳадди аксар ба ҳазораҳои Афғонистон аст."

"Ҳамлаҳои сершуморе, ки ҳазораҳоро нишон гирифтаанд, ҷиноят алайҳи башарият мебошанд ва масъулони он бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд", -- омадааст дар изҳороти ӯ.

Ҳазораҳо севумин гурӯҳи бузурги қавмии Афғонистон ҳастанд, вале дар ин кишвари умдатан суннимазҳаб бо табъиз ва таъқиб рӯбарӯянд.

Кӯшиши табаддулоти низомӣ дар Судон. Сарвазирро боздошт карданд

Судон

Хабаргузориҳои арабӣ ва ғарбӣ иттилоъ медиҳанд, ки дар Судон кӯшиши табаддулоти низомӣ ҷараён дорад.

Хабарнигорони расонаҳои арабӣ ва ғарбӣ аз шаҳри Хартум иттилоъ додаанд, ки низомиён як қатор сиёсатмадорон, аз ҷумла раисони вилоятҳо, вазирон ва сарвазир Абдуллоҳ Ҳамдукро дастгир карданд.

Ҳамчунин низомиён ба коргоҳи телевизиони давлатии Судон дар шаҳри Умдурмон ҳамла карда, дар кӯчаву хиёбонҳо шумори зиёди афроди низомӣ ва техникаҳои ҳарбӣ мушоҳида мешавад.

Аз номи сарвазири Судон изҳороте нашр шудааст, ки ҷонибдорони демократияро барои муқобала бо кушиши табаддулоти низомӣ дар ин кишвар аз роҳи осоишта даъват мекунад.

Низомиёни Судон то ҳол дар ин бора чизе нагуфтаанд ва изҳороти расмиеро низ нашр накардаанд.

Намояндаи Департаменти давлатии Амрико бо нашри изҳороте кӯшиши табаддулоти низомиро дар Судон маҳкум карда, гуфтааст, ин амал метавонад боиси қатъи кумакҳои Вашингтон ба Хартум бишавад.

Халилзод: Амрико ба Ғанӣ фишори кофӣ наовард, ки қудратро бо "Толибон" тақсим кунад

Залмай Халилзод

Залмай Халилзод, фиристодаи пешини Амрико дар умури сулҳи Афғонистон, пас аз барканориаш аз ин мақом бори аввал бо расонаҳо суҳбат кард.

Ӯ рӯзи 24-уми октябр ба шабакаи телевизионии CBS гуфт, Амрико ба таври кофӣ ба президенти барканоршудаи Афғонистон фишор наовард, то "Толибон"-ро дар қудрат шарик созад.

Дар ҳоли ҳозир президенти Амрико, Ҷо Байден, барои хуруҷи беназм ва ошуфтаи Иёлоти Муттаҳида аз Афғонистон ва вожгунии ногаҳонии Кобул ба дасти "Толибон" танқид мешавад. Дар навбати худ Байден масъулиятро ба гардани Залмай Халилзод гузошт, ки дар Қатар бо "Толибон" музокирот анҷом дода буд.

Рӯзи 29-уми феврали соли 2021 миёни Амрико ва "Толибон" дар Қатар тавофуқнома имзо шуд, ки хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон пас аз 20 соли ҳузур аз шартҳои асосии он буд.

Дар ин гуфтугӯҳо ҳукумати президент Ашраф Ғанӣ шомил набуд. Аммо Халилзод гуфт, созишнома "бастаи шартҳо"-е буд, ки музокироти ниҳоӣ байни "Толибон" ва Кобул ва инчунин ошашбаси доимиро дар бар мегирифт.

Дар сӯхтори хобгоҳи муҳоҷирон 17 шаҳрванди Тоҷикистон бе санад мондаанд. ВИДЕО

Хобгоҳи 200 муҳоҷири тоҷик дар Русия хокистар шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:33 0:00

Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфт, бар асари сӯхтори ҳафтаи гузашта дар иншооти сохтмонии воқеъ дар назди метрои “Рассказовка”-и шаҳри Маскав 60 муҳоҷири тоҷик молу ашё ва беш аз 17 нафар санадҳояшонро аз даст додаанд.

Раҳбари иншооти сохтмонӣ ваъда додааст, осебдидагонро бо хобгоҳ, либос ва лавозимоти дигари зарурӣ таъмин хоҳад кард.

Сафорати Тоҷикистон барқарор намудани ҳуҷҷатҳои нобудшудаи муҳоҷиронро ба дӯш гирифтааст.

Сабаби сӯхтор дар рӯзи 20-уми октябр риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дониста мешавад. Дар иншооте, ки ба коми оташ рафт, беш аз 100 шаҳрванди Тоҷикистон тибқи шартнома бо 4 ширкати сохтмонӣ ба кор ҷалб шудаанд.

80 нафари онҳо дар хобгоҳи ҳамон сохтмон иқомат мекунанд.

Мақомоти Маскав гуфтанд, танҳо дар маркази «Сахарово» ба муҳоҷирон патент медиҳанд

Аз якуми ноябр пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои гирифтани патент дар ҳудуди шаҳру вилояти Маскав танҳо дар маркази муҳоҷирати «Сахарово» сурат мегирад.

Яъне, аз ҳафтаи оянда маркази муҳоҷиратии воқеъ дар Путилково барои дарёфти патенти меҳнатӣ ҳуҷҷат қабул намекунад ва баста мешавад.

Вадим Коженов, раҳбари Федератсияи муҳоҷирони Русия, дар як навори видеоӣ шаҳр дод, ки муҳоҷироне, ки то 1-уми ноябр санадҳои худро ба маркази муҳоҷират дар Путилково супорида буданд, патенти омодашударо низ бояд аз он ҷо бигиранд.

Тасмими бастани ин марказ баъди он гирифта шуд, ки сокинони деҳаи Путилково аз афзоиши занозаниву тирпаронии гурӯҳии муҳоҷирон шикоят карда буданд.

«Сахарово» бузургтарин маркази хадамот барои муҳоҷирон аст, ки дар як шабонарӯз имкони қабули 7,5 ҳазор нафарро дорад.

Муҳаққиқ: Дар як маҳаллаи Кобул ҷасади 8 кӯдакро ёфтанд, ки аз гуруснагӣ мурдаанд

Муҳаммад Муҳаққиқ

Яке аз раҳбарони ҳазораҳои Афғонистон мегӯяд, дар як маҳаллаи Кобул ҷасади 8 кӯдакеро пайдо кардаанд, ки аз гуруснагӣ мурдаанд.

Муҳаммад Муҳаққиқ рӯзи 24-уми октябр дар баёнияе дар Фейсбук навишт, ин кӯдакон дар маҳаллаи 13-уми Кобул, дар ғарби шаҳр, се ҳафта пеш ҷон додаанд ва ҷасади онҳоро муллоҳо ва мардуми маҳалла ба хок супурдаанд.

Мулло Муҳаммад Алӣ Бомиёнӣ, яке аз муллоҳои маҳалла, гуфтааст, ки калонтарин кӯдак 8-сола ва хурдтарини онҳо якунимсола будааст.

Ба қавли Мулло Муҳаммад, волидони ин кӯдакон вафот кардаанд ва онҳо ягон хеши дигар надоштаанд. Ӯ афзудааст, ки ҳангоме ба хонаи кӯдакон рафт, онҳоро ба ҳадде гурусна пайдо кард, ки ҳатто пойи хешро дароз карда наметавонистанд.

Ҳукумати "Толибон" ҳанӯз ин хабарро шарҳ надодааст. Аз ин пеш Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, агар ба Афғонистон ба зудӣ кумак нашавад, мумкин аст, дар кишвар қаҳтии саросарӣ рух бидиҳад.

Дар Қазоқистон ҳабси фаъолон идома дорад

Акс аз бойгонӣ.

Маруи Есендирова, сокини шаҳри Уралски Қазоқистонро 20 рӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифтанд. Додгоҳ ӯро барои суханрониаш дар гирдиҳамое дар як моҳи пеш ба ҳабс гирифт.

Есендирова бо қарори додгоҳ розӣ нест ва тасмим дорад, аз болои он шикоят барад. Ескендирова дар як гирдиҳамоӣ дар рӯзи 25 сентябр, ки ҳамагӣ 5 кас дар он иштирок дошт, суханронӣ карда буд. Додгоҳ ӯро бо айби иштирок дар гирдиҳамоии ғайриқонунӣ айбдор кард.

Фаъоли дигари шаҳрвандӣ аз шаҳри Оқсойи Қазоқистон Тлекқобил Келибоев гуфт, ки дар остонаи гирдиҳамоии эҳтимолии мухолифони ҳукумати Қазоқистон ӯро ба идораи пулис даъват ва ҳушдор додаанд, ки дар гирдиҳамоӣ ширкат накунад.

Ахиран фаъоли дигар Амангелдӣ Орабоев низ дар Қазоқистон 20 рӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуд. Ӯро низ бо айби ширкат дар гирдиҳамоии ғайриқонунии рӯзи 25 сентябр ҳабс карданд.

Ҷанги виза байни Русия ва Амрико

Маскав аз тасмими Амрико, ки гирифтани визаи ИМА-ро барои шаҳрвандони Русия мушкил кард, интиқод кард. Ҳамакнун он шаҳрвандони Русия, ки мехоҳанд визаи Амрикоро дарёфт кунанд, бояд онро аз кишвари севум ба даст биоранд. Ин тасмими ИМА пас аз он руи даст гирифта шуд, ки Русия кор кардани шаҳрвандони ин кишварро дар Сафорати Амрико мамнуъ эълом кард. Бар асоси ин дастур, русҳо метавонанд барои дархости визаи Амрико ба сафорати он кишвар дар Варшава, пойтахти Лаҳистон (Полша) муроҷиат кунанд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико ин шаҳрвандони русро дар радаи дархосткунандагони "бе кишвар" қарор додааст. Ин ба он маъно аст, ки Вашингтон дар кишвари онҳо намояндагии консулӣ надорад ё кормандони сафоратхона бо сабабҳои сиёсӣ ва амниятӣ наметавонанд виза содир кунанд.

Русия даҳумин кишваре аст, ки шомили ин феҳрист мешавад. Эрон, Куба, Эритрея, Либия, Сумол, Судони ҷанубӣ, Сурия, Венесуэла, ва Яман аз ҷумла кишварҳое мебошанд, ки қаблан ба ин феҳрист шомил шуда буданд.

Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, "дипломатҳои амрикоӣ солҳост, ки дар ҳоли аз байн бурдани системаи хадамоти консулӣ дар Русия ҳастанд..."

Робитаҳои Амрико ва Русия дар поинтарин сатҳ пас аз поёни Ҷанги Сард ба ин тараф қарор дорад. Ду кишвар аз ҷумла дар робита ба шумораи дипломатҳое, ки метавонанд дар пойтахтҳои якдигар дошта бошанд, ихтилофи шадид доранд ва гуфтугӯҳояшон дар ин моҳ низ бенатиҷа монд.

Номзадии раиси порлумони Қирғизистонро дар интихобот ба қайд нагирифтанд

Speaker of the Jogorku Kenesh Talant Mamytov 15-December 2020

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон номзадии раиси порлумон Талант Мамитовро ба мақоми вакилӣ дар интихоботи порлумонии ин кишвар ба қайд нагирифт.

Тибқи қонуни конститутсионӣ "Дар бораи интихоботи президент ва вакилони порлумони Қирғизистон", хидматчиёни давлатии ин кишвар вазифадор ҳастанд, ки дар сурати пешбарии номзадии худ дар интихоботҳо аз мақомҳояшон истеъфо диҳад.

Ба огаҳии комиссия, номзадии Мамитов, ки дар ҳоли ҳозир раиси порлумони Қирғизистон аст, ба хотири иҷро нашудани талаботи мазкури қонун дар интихоботи нави порлумонӣ сабтином карда нашудааст.

Талант Мамитов ибтидои моҳи ноябри соли 2020, баъди ҳаводиси моҳи октябри соли гузашта ва истеъфои президенти пешин Сооронбой Ҷеенбеков раиси порлумони Қирғизистон таъйин шуд. Аз 14 ноябри 2020 то 28 январи соли 2021 иҷрокунандаи муваққати вазифаҳои президенти ин кишвар буд.

Интихоботи нави порлумонии Қирғизистон 28 ноябри соли равон баргузор мешавад. Порлумони нави ин кишвар аз 90 вакил иборат хоҳад буд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG