Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Пиллай ба ҳимоят аз ислоҳот дар Ховари Миёна


Куммисари олии СММ дар умури ҳуқуқи башар аз ҳамаи кишварҳо даъват кард, ки аз ислоҳот дар Ховари Миёна ҳимоят кунанд. Навӣ Пиллай имрӯз дар Женева ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ гуфт, ҷаҳон бояд ҳанӯз “то бурузи таҳдидҳои ҷадид" ба эътирозгарон дар амри роҳандозии тағйирот кумак расонад. Хонум Пиллай ба ин ниҳоди иборат аз 47 узв гуфт, ки онҳо бояд мувозеҳи Либия бошанд. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров дар нишасти Женева саркӯбии эътирозҳои Либияро маҳкум кард ва гуфт:
“Истифодаи нирӯи низомӣ алайҳи мардуми мулкӣ, тавре дар Либия рух дод ва мунҷар ба ҳалокати садҳо нафар шуд, ғайриқобилиқабул аст. Росия чунин хушунатро маҳкум мекунад.”
Ин ҳама дар пасманзари нигарониҳо аз имкони саркӯбии бештари эътирозҳо аз сӯи нирӯҳои содиқ ба раҳбари Либия Муаммар Қаззофист. Интизор меравад, вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон низ имрӯз дар Шӯрои ҳуқуқи башар дар масъалаи Либия суханронӣ кунад.
XS
SM
MD
LG