Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 4 гумонбари ҳамла ба маъмурони милиса


Мақомоти ВУДТ ҳамаи 4 гумонбар дар ҳамлаи зӯҳри ҷумъа ба ходимони бахши ҷустуҷӯи ҷиноии идораи умури дохилаи шаҳри Қӯрғонтеппаро дастгир кардаанд. Маҳмадуллоҳ Асадуллоев, сухангӯи ВУДТ ба Радиои Озодӣ гуфт, гумонбарон ҷавононеанд, ки аз 22 то 29 сол доштаанд.
Рӯзи ҷумъа ду муфаттиш дар Қӯрғонтеппа ҳангоми ҷилавгирӣ аз талоши ғорати маблағҳои як банкомат ба муқовимат рӯбарӯ шуда, аз сӯи дуздон латукӯб ҳам шуданд.
XS
SM
MD
LG