Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вен Ҷибао афзоиши қиматҳоро "таҳдид" хонд


Вен Ҷибао, нахуствазири Чин, мегӯяд, афзоиши қиматҳо ба амнияти иҷтимоӣ дар кишвараш таҳдид мекунад. Аммо ӯ ҳамчунин ибрози итминон кард, ки захираҳои фаровони ғалладона ва асъори хорриҷӣ ба Чин имкон медиҳад, лаҷоми қиматҳоро кашида ва монеъи афзоиши он шавад. Қимати маводи ғизоӣ дар Чин танҳо дар моҳи январ бештар аз 10 дар сад боло рафт, агар дар маҷмӯъ сатҳи тавварум дар кишвар камтар аз 5 дар сад буд. Вен Ҷибао дар ин бора зимни суолу ҷавоби интернетӣ сухан гуфт.
XS
SM
MD
LG