Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршикании ронандаҳои микроавтобусҳо дар Тифлис


Ҳазорон сокинони маҳаллаҳои канори шаҳри Тифлис бар асари коршикании ронандаҳои микроавтобусҳо натавонистанд вориди пойтахт шаванд.

Ронандаҳо дар панҷ шаҳр алайҳи боло бурда шудани пардохти маблағи кори рӯзонаашон аз сӯи ширкати нави соҳиби микроавтобусҳо даст ба коршиканӣ заданд.

Ба иттилоъи бахши гурҷии Радиои Озодӣ, соҳибони чаҳор ширкат - ғолиби тендери идораи ҳаракати микроавтобусҳо талаб кардаанд, ки ронандаҳо назар ба пештара маблағи бештар супоранд. Ба ин хотир қимати раҳкиро боло бурда шудааст.

Бархе аз сиёсатмадорони мухолифи ҳукумат гуфтанд, ки ҳамаи чаҳор ширкати барандаи тендер ба мири Тифлис Ҷиҷа Угулава тааллуқ доранд.
XS
SM
MD
LG