Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи изтирорӣ дар Алҷазоир лағв шуд


Вазъи изтирорӣ дар Алҷазоир баъди 19 сол лағв шуд. Дафтари раёсати ин ҷумҳурӣ гуфт, ин иқдом ба Дафтари расмӣ шомил шуда ва ба ин тартиб, дар маърази иҷро қарор мегирад. Вазъи изтирорӣ дар ин кишвари арабии шимоли Африқо соли 1992, ба дунболи пирӯзии исломиҳо дар интихобот ҷорӣ шуда буд. Лағви чунин вазъ дар тӯли солҳо аз талабҳои умдаи аҳзоби мухолиф ва ҷомиаи шаҳрвандӣ буд. Аммо ин иқдом дар ҳоле сурат мегирад, ки дар пасманзари ошӯбҳои Тунису Миср Алҷазоир низ ба як силсила эътирозҳову корпартоиҳо рӯбарӯ шудааст.
XS
SM
MD
LG