Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаззофӣ бен Лоденро дар ошӯбҳои Либия айбдор кард


Ҳокими Либия Муаммар Қаззофӣ гуфт, дар паси ошӯбҳои ахири ин кишвар раҳбари шабакаи Ал-Қоида Усома бен Лоден истодааст. Қаззофӣ дар як сӯҳбати телефонӣ ба телевизиони давлатӣ гуфт, мардуми шаҳри Зовия таҳти таъсири дору ба эътирозҳо пайвастаанд.
Ин дар ҳолест, ки мухолифини режими 41-солаи Қаззофӣ то имрӯз назорати бахши бузурги шарқи Либияро ба даст оварда, мегӯянд, барои барандохтани ин режим ба сӯи пойтахт, шаҳри Троблус ҳаракат мекунанд.
XS
SM
MD
LG