Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ал-Қоида ба мубориза зидди Қаззофӣ даъват мекунад


Як бахше аз шабакаи террористии Ал-Қоида дар Африқои Шимолӣ аз мусалмонон даъват кардааст, ки эътирозҳои зиддипрезидентӣ дар Либияро пуштибонӣ кунанд.

Ал-Қоида дар Африқои Шимолӣ бо пахши изҳороте мегӯяд, ки ҳама талошашро барои пуштибонӣ аз ошӯбҳои Либия ба харҷ хоҳад дод. Ин гурӯҳ дар ҳамсоякишвари Алҷазоир мустақар шуда дар изҳороташ аз Муаммар Қаззофӣ ба унвони як “раҳбари истибдодгари ҷиноӣ” ёд мекунад.

Ин гурӯҳ мегӯяд, ки умедвор аст ҷангиёни Миср, Тунис ва Алҷазоир аз ин даъвати онҳо тарафдорӣ мекунанд. Қаззофӣ ба Амрико дар мубориза зидди Ал-Қоида кӯмак кардааст.
XS
SM
MD
LG