Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтарҳо дар Афғонистон дубора аз таҳсил дур мешаванд


Қандаҳор, соли 2010
Қандаҳор, соли 2010
Созмонҳои кӯмакрасон ҳушдор медиҳанд, ки пешрафте, ки дар масъалаи бозгардони духтарҳои афғон ба мактабҳо ба даст омада буд, дубора бо сабаби афзоиши фақру бенавоӣ, адами амният, ноомодагии омӯзгорон ва ҳам таъминоти заъифи мактабҳо аз даст меравад.

Дар гузориши эътилофи 16 созмони иҷтимоии кӯмакрасон, ҳамчунин созмонҳои ғайридавлатии маҳаллӣ ва бунёди байналмилалии Oxfam нигарониҳое дар ин замина нашр шудаанд.

Ин гузориш ҳокист, ки агар баъди аз қудрат дур шудани Толибон дар соли 2001 шумори духтарҳои муҳассили мактаб аз панҷ ҳазор нафар ба 2,4 миллион нафар дар соли 2010 афзоиш ёфта бошад, ҳоло бисёри онҳо ба таври доимӣ ба мактаб намераванд ва ё пеш аз мӯҳлат таҳсилро тарк мекунанд.

Гузориш мегӯяд, ки ҳоло чолиши бузурги низоми маорифи Афғонистон баъди соли 2001 ин аст, ки бо кӯмаки ҳукумат ва донорҳо таҳсили бетанаффуси духтарҳо дар мактабҳо таъмин шуда сатҳи донишомӯзии онҳо низ баланд бардошта шавад.
XS
SM
MD
LG