Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти Русия доир ба шаҳрвандони тоҷик дар Либия


Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия мегӯяд, ки омода аст, дар ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон аз Либия мусоидат кунад, аммо дар навбати аввал масъалаи ихроҷи шаҳрвандони худро ҳал мекунад. Юрий Бражников, намояндаи вазорат ба хабаргузории «Интерфакс» гуфтааст, кӯмак ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо вазорати умури хориҷаи Русия сурат мегирад. Пештар аз ин вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон гуфт, аз Русия хостааст, дар амри ихроҷи 21 шаҳрванди кишвар, ки аксаран донишҷӯянд мусоидат кунад. Тоҷикистон дар Либия сафорат надорад.
XS
SM
MD
LG