Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили 18-солагии артиши миллии Тоҷикистон


Артиши Тоҷикистон имрӯз 18-солагии таъсиси худро таҷлил мекунад ва маросимҳои идонае дар ин замина баргузор мешаванд. Интизор меравад, дар ҷараёни як нишасти идона ба баъзе аз афсарони артиш ҷоиза ва унвонҳои нав дода шавад. Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бо вуҷуди гузашти 18 сол, ҳамчунон гирифтори мушкилоти зиёданд, аз қабили бадрафтории афсарон, ки гоҳ гоҳ боиси худкушии сарбозон шудааст. Қатли 25 сарбози артиш дар як ҳамлаи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар водии Рашт, дар соли гузашта боиси интиқоди шадиди вазорати дифоъи Тоҷикистон дар матбуоти кишвар шуд.
XS
SM
MD
LG