Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмакҳои пешниҳодии ИМА ба Осиёи Миёна ва Қафқоз


Ҳилларӣ Клинтон тарҳи буҷаи соли 2012-ро тарҳе номид, ки дар он “барои сарфаи ҳар доллар” мубориза мешавад.

Кохи Сафед ба хотири тамаркуз ба барномаҳои Ироқу Афғонистон ва Покистон аз ҷамъи ёриҳои қаблиаш ба кишварҳои Аврупову АвроОсиё ва Осиёи Марказӣ дар маҷмӯъ дар соли оянда 115 миллион долларро кам мекунад.

Гурҷистон аз ҳама бештар кӯмак мегирад

Барои 8 кишвари Қафқозу Осиёи Марказӣ дар будҷаи соли оянда 233 миллион доллар ихтисос ёфтааст, ки назар ба соли 2010 чаҳор дарсад камтар аст. Аз ин ҷамъ 67 миллион доллар танҳо барои кӯмак ба муттаҳиди содиқи Амрико – Гурҷистон дар назар гирифта шудааст. 34 миллион доллар, яъне тақрибан нисфи кӯмакҳои низомии Вашингтон барои ин 8 кишвар низ махсуси Тифлис хоҳад шуд. Аммо бо фарқ аз Гурҷистон, ёриҳои Амрико ба Озарбойҷон дар соли оянда 25 дарсад коҳиш ёфта, ҳамагӣ 22 миллион долларро ташкил хоҳад дод.

Аз байни 5 кишвари Осиёи Марказӣ танҳо Қазоқистон дар ҳаҷми ҳатто 35 дарсад болотар аз мизони қаблӣ, яъне акнун дар сол 10,4 миллион доллар аз Амрико кӯмак хоҳад гирифт. Ёриҳои Вашингтон ба 4 кишвари дигари ин минтақа дар соли 2012 дақиқан камтар хоҳад шуд. Вале бахши аъзами ёриҳои Амрико, чун дар солҳои гузашта, ин бор ҳам махсуси Тоҷикистону Қирғизистон аст. Барои Қирғизистон дар тарҳи будҷаи соли ояндаи Амрико 40,8 миллион доллар ва барои Душанбе 38,8 миллион доллар дар назар гирифта шудааст.

"Кӯмакҳо ба Бишкек нокофӣ аст"

Дар раъси кишварҳои кӯмакгири минтақа қарор гирифтани Бишкек ба далели ошӯбҳои ахири он кишвар, як амри табиӣ ба назар мерасад ва вазорати хориҷаи Амрико мегӯяд, ин 40 миллион доллар барои таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, тақвияти амният ва бахши хусусӣ дар Қирғизистон масраф хоҳад шуд.

Эрик МакКинлӣ, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ дар Донишгоҳи Ҷорҷ Мейсони Амрико мегӯяд, 11 дарсад коҳиш ёфтани ҳаҷми ёриҳои Вошингтон ба Бишкек дар пасманзари ҳаводиси ахири он кишвар иқдоми иштибоҳ аст:

“Як қаламраве, ки ман дар борааш каме нигаронӣ дорам ва мехостам ёрии бештареро ба он бубинам, Қирғизистон аст. Эҳтиёҷоти Қирғизистон назар ба соли гузашта хеле бештар аст. Аз ҷумла ба далели ончӣ, ки дар водии Фарғона рух дод( манзурам ошӯбҳои моҳи июн аст) ва ҳам ба далели талошҳояш барои сохтани намунаи як давлати демократӣ. Ин барои ман хеле таассуфовар буд.”

Аммо ӯ афзуд, онки ёриҳои Вашингтон ба ин минтақа нисбатан камтар коҳиш ёфтаанд, хабари хуб аст ва аҳамияти стротежии Осиёи Марказӣ барои амалиётҳои Амрико дар Афғонистонро бозгӯ мекунад.

Узбакистон ҳам кӯмак мегирад...

Дар таъмини нерӯҳои Амрико, Узбакистон нақши муҳими таъминотиро бозӣ мекунад ва барои бори аввал аз соли 2004 ба ин сӯ, дар тарҳи будҷаи соли ояндаи Амрико 100 000 доллар ёрии низомӣ ба Тошканд ҳам дар назар гирифта шудааст, ки метавонад барои харидории аслиҳа ва таҷҳизоти низомӣ низ масраф шавад. Амрико дар солҳои охир ба далели нақзи ҳуқуқи башар ва саркӯбии эътирозҳои Андиҷон дар соли 2005 ироаи ёриҳои низомӣ ба режими Ислом Каримовро қатъ карда буд.

Ба назари коршиносон, азбаски суръат ва доманаи таҷаммӯъи кӯмакҳо барои Ироқ ва Афғонистону Покистон дар ояндаи наздик заиф нахоҳад шуд, баъид нест, агар фишор ба дигар бахшҳои ёриҳои хориҷии Амрико боқӣ бимонад, ки ин метавонад дар чашми баъзе маҳофили Осиёи Марказӣ тавоноиҳои Амрико ба ҳайси як қудрати ҷаҳонӣ ва пойбандиаш ба тааҳҳудотеро, ки дар қиболи Осиёи Марказӣ дорад, зери суол гузорад.
XS
SM
MD
LG