Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзоалӣ Болтуев аз мақоми раиси КМИР бозхонда шуд


Мирзоалӣ Болтуев
Мирзоалӣ Болтуев

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Мирзоалӣ Болтуевро аз мақоми раиси Комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ бозхонд. Бар пояи хабари сомонаи интернетии president.tj, муовини раиси комиссиюн Мизроб Кабиров ва ду аъзои он - Низомиддин Зоҳидов ва Саймурод Тағоев “бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин вазифаҳо озод карда шаванд”.

Раисиҷумҳур номзадии Шермуҳаммад Шоҳиёнро ба мақоми раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод намуд.


Номзадии Кароматулло Холиқов, декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, ба мақоми муовини раис ва Саидбой Зокиров, раиси Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Раҳмон Зиё, муовини директори маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солими вазорати ҳифзи сиҳат ва Нуралӣ Саидов, котиби ҳамоҳангсози Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба узвияти КМИР пешниҳод шудааст.

XS
SM
MD
LG