Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбози озарӣ ҳафт ҳамхизматашро ҳадафи тир қарор дод


Мақомоти Озарбойҷон хабар доданд, ки рӯзи якшанбе як сарбози артиш ҳафт ҳамхизмати худро ҳадафи тир қарор додааст. Дар изҳороти муштараки вазорати дифоъ ва додситонии низомӣ гуфта шудааст, ки ин ҳодиса дар як қисми низомии минтақаи Гойгол рӯх дода ва тафтиши он шурӯъ шудааст.


Ба навиштаи хабаргузориҳо, куштори ҳамхизматҳо дар артиши Озарбойҷон ҳодисаи нодир нест. Моҳи гузашта ду сарбоз чаҳор ҳамхизмати худро парронда, сипас худкӯшӣ карда буданд.
XS
SM
MD
LG