Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ходорковский аз Василева пуштибонӣ кард


Михаил Ходорковский, раиси пешини ширкати “Юкос” мутмаин аст, ки ҳукми додгоҳии ӯро додрас Виктор Данилкин нанавиштааст. Дар сӯҳбат бо маҷаллаи “Коммерсант-Власт”, Ходорковский ин ҳукмро “протоколи муҷозоти сиёсӣ” номид ва гуфт, ки собит кардани далели аз сӯи дигар кас иншо шудани ҳукм кори душвор нест.

Аз ин пеш ёвари раиси додгоҳи ноҳияи Хамовникии Маскав Наталия Василева гуфта буд, ки додрас Данилкин ҳукми раҳбарони пешини ширкати ЮКОС Михаил Ходорковский ва Платон Лебедевро бо амр ва зери назорати Додгоҳи шаҳри Маскав навиштааст. Виктор Данилкин ин гуфтаҳоро чун тӯҳмат арзёбӣ кардааст.


30 декабри соли гузашта додгоҳи ноҳияи Хамовникии Маскав Михаил Ходорковский ва Платон Лебедевро аз рӯи парвандаи дуввуми ҷиноӣ ба 13-у нимсолии зиндон маҳкум кард. Онҳо дар яғмои 218 миллион тонна нафт ва “шустушӯ”-и 30 миллиард доллар муттаҳам шуданд.
XS
SM
MD
LG