Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Азсаргирии эътирозҳо дар Теҳрон


Бино ба хабарҳои расман тасдиқношуда, мухолифини Эрон эътирозҳоро дар Теҳрон аз сар гирифтаанд. ИРНО, хабаргузории расмии Эрон хабар дод, ки Фоиза Ҳошимӣ, духтари раисиҷумҳури собиқи Эрон Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷониро дар Теҳрон барои “рафтори таҳрикомез” як муддат боздошт кардаанд.Мухолифини Эрон раҳпаймоии дирӯзаро ба манзури ёдбуди ду нафари кушташуда дар тазоҳуроти рӯзи 14 феврал даъват карда, як сомонаи мухолифин навишт, ки ин намоишҳо ба “набард алайҳи диктатураи рӯҳонӣ” табдил хоҳанд ёфт. Аммо вазири умури дохилаи Эрон ҳушдор додааст, ки мухолифин дар сурати ба хиёбонҳо рехтан саркӯб хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG