Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Либия шумораи кушташудагон ба 104 нафар расидааст


Гурӯҳи Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, аз рӯзи чаҳоршанбе ба ин сӯ аз оғози тазоҳуроти эътирозӣ дар Либия то ҳол дасткам 104 нафар кушта шудаанд. Бино ба гузоришҳо, нируҳо рӯзи шанбе дар дуввумин шаҳри бузурги Либия дар Бенғозӣ ба сӯи тазоҳуркунандагон оташ кушодаанд. Тазоҳуркунадагон бар зидди ҳокимияти беш аз 40 солаи Муаммар Қаддофӣ дар Либия эътироз мекунанд. Ҳоло шаҳри Бенғозӣ ба маркази мухолифатҳо бар зидди Қаддофӣ табдил ёфтааст. Ҳукумати ин кишвар дар бораи шаумораи кушташудагон хабаре нашр накардааст.
XS
SM
MD
LG