Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 80 кушта дар нооромиҳои Либия


Дар ҷараёни нооромиҳои се рӯзи ахир дар Либия, беш аз 80 нафар кушта шудааст.

Ба гузориши Асошиатед Пресс, нерӯҳои амниятӣ дар ҳудуди соати панҷи бомдоди рӯзи шанбе ба садҳо мӯътариз, аз ҷумла қозиҳо ва адвокатҳо, ки дар эътироз ба раҳбари Либия дар муқобили додгоҳи ин шаҳр чодар зада буданд, ҳамла бурда ва мӯътаризонро водор ба тарки маҳал карданд.

Як шоҳиди айнӣ ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, ки иддае дар ҷараёни даргириҳои рӯзи шанбе кушта ва бархе дигар низ захмӣ шудаанд.

Нооромиҳои рӯзи шанбе дар ҳоле рух дод, ки рӯзи ҷумъа созмони дидбони ҳуқуқи башар бо такя ба изҳороти масъулони бемористонҳои Либия ва ҳамчунин шоҳидон айнӣ эълом кард, ки дар се рӯзи гузашта ҳади ақал 84 нафар дар даргириҳои Либия кушта шудаанд.

Дар ин гузориш омадааст, ки танҳо дар эътирозоти рӯзи ҷумъа, ки дар панҷ шаҳри шарқии Либия аз ҷумла Банғозӣ, Байзо ва Дарна дар ҷараён буд, 35 нафар кушта шудаанд.

Рӯзи панҷшанбе дар ҷараёни тазоҳуроти мухолифони муъаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия, дар чаҳор шаҳри ин кишвар дастикам 20 тан дар даргирӣ бо нерӯҳои давлатӣ кушта шуданд, ки ба дунболи он рӯзи ҷумъа ҳазорон тан барои маросими ҷанозаи кушташудагон ба хиёбонҳо омаданд, ки ин тазоҳурот низ ба хушунат кашида шуд.

Мӯътаризони Либия, кишваре, ки дар ҳамсоягии Миср ва Тунис қарор дорад, хостори барканории муъаммар Қаззофӣ аз қудрат ҳастанд, раҳбаре ки ҳукмрониаш беш аз чаҳор даҳа ба тӯл анҷомидааст.

Нооромиҳо дар Либия дар ҳоле дар ҷараён аст, ки хабарнигорони хориҷӣ иҷозаи ҳузур дар Либияро надоранд ва илова бар ин хадамоти телефонӣ дар шаҳрҳои шарқии Либия, ки шоҳиди бештарин эътирозот аст, ба мушкил рӯбарӯ шудааст.
XS
SM
MD
LG